Фонди рушди Абу Дабиро ба иштирок дар сохтмони неругоҳи “Роғун” даъват карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода аз директори генералии Фонди рушди Абу Дабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ даъват кард, ки фонди мазкур дар маблағгузорӣ ба лоиҳаи сохитмони Неругоҳи барқи обии “Роғун”, инчунин неругоҳҳои офтобию бодӣ  дар ҷумҳурӣ иштирок кунад.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин пешниҳод аз ҷониби ниҳоди молиявии мазкур “хуш пазируфта шуд”.

Гуфта мешавад, ин вохӯрӣ рӯзи 28 феврал дар Абу Дабӣ дар доираи Конфронси 13-уми вазирони кишварҳои аъзои Созмони ҷаҳонии тиҷорат баргузор шуд.

“Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, Фонди рушди Абу Дабӣ ба сифати сармоягузори имконпазири лоиҳаи неругоҳи “Роғун” баррасӣ мешавад.

Қаблан дар Вазорат ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки дар қатори дигар ниҳодҳо оид ба рушд, бо ин Фонд низ ҷиҳати ҷалби маблағ барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” гуфтушунидҳои ҷараён доранд.

Дар назар аст, ки соли равон барои маблағгузорӣ ба лоиҳаи неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (456 млн доллар) равона мегардад: аз ҷумла 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва маблағи боқимонда – аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ.

Тибқи маълуомти Вазорати энергетика, барои идомаи сохтмони неругоҳи “Роғун” ҳамасола 1 млрд доллар ва амалисозии пурраи лоиҳа – 6,2 млрд доллар маблағгузорӣ лозим аст.

Бино ба маълумоти расмӣ, пас аз барқраор шудани корҳои амалисозии лоиҳа дар соли 2008, ба корҳои идомаи сохтмони ин иншоот зиёда аз 40 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...