Нархи иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ маълум шуд

Аз 1-уми март дар Тоҷикистон давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2024 оғоз гардид. Дар ин робита, Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши иштирок дар имтиҳоноти дохилшавиро барои соли 2024 эълон кард. Тибқи иттилои ММТ, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи […]

Аз 1-уми март дар Тоҷикистон давраи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – 2024 оғоз гардид.

Дар ин робита, Маркази миллии тестӣ (ММТ) дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ арзиши иштирок дар имтиҳоноти дохилшавиро барои соли 2024 эълон кард.

Тибқи иттилои ММТ, арзиши хидматрасонӣ барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунандагони синфи 11), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 330 сомонӣ (соли 2023 – 300 сомонӣ буд) ва барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунандагони синфи 9) бошад, 230 сомонӣ (соли 2023 – 210 сомонӣ буд) муқаррар шудааст.

Дар ҳолати тағйир додани интихоб ихтисос дар давраи асосӣ, барои азнавбақайдгирӣ довталаб бояд 30 сомонӣ (соли 2023 – 25 сомонӣ буд) пардохт кунад.

Бояд қайд кард, ки соли 2023 низ арзиши хидматрасониҳои ММТ нисбат ба соли 2022 аз 30 то 60 сомонӣ боло рафта буд.

Зимнан, мувофиқи маълумоти ММТ, имсол гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёздошта, зиёд гардид.

Шахсоне, ки барои пардохти маблағи хидматрасонӣ имтиёз доранд:

– шахсони то 22-сола, ки ятими кул ё бепарасторанд, кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки яке аз волидонаш вафот кардаанд, падар ё модари танҳо ё маъюб доранд, аз пардохти маблағ пурра озоданд;

– кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, шахсони то 22-сола, ки нимятиманд ё падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад, аз пардохти  50 % маблағ озоданд.

Маблағи муайяншударо довталаб бояд тавассути БДА “Амонатбонк” ё барномаи мобилии “Амонат мобайл” пардохт намуда, расидро бо дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ММТ пешниҳод кунад.

Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро ММТ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас карда, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.

Давраи асосии бақайдгирии довталабон то 30-юми апрел давом мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.