КҲФ аз яхбандӣ дар роҳҳо ва хатари афтодани шӯшаҳои ях аз бомҳо огоҳ мекунад

Asia-Plus

Боридани барфи зиёд тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон метавонад барои равуои одамон ва автомашинаҳо дар кӯчаҳо мушкили ҷиддӣ эҷод кунад.

Тавре ки дар КҲФ Тоҷикистон зикр карданд, акнун бо тадриҷан гармшавии ҳаво, хатари аз бомҳо фаромадани барф ва шӯшаҳои ях ба вуҷуд меояд.

“Ин метавонад ба ҷароҳатҳои вазнин ва осеб дидани автомашинаҳо боис гардад. Ин миқдор барф натанҳо барои равуои одамону автомашинаҳо, балки барои худи боми бинову иншоот хатарнок аст”, – таъкид доштанд дар Кумита.

Вазни барфи болои бом зиёд буда, агар барф тар бошад, боз вазнинтар мешавад. Масалан, дар боми масоҳаташ 100 метри мураббаъ бо 50 см ғафсии қабати барф вазни он то 5 тонна ва бо барфи тар то – 15 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамаи ин миқдори барф ба боми хона фишор оварда, сарбории аз ҳад зиёд ба бом ва сохтори чӯб, метавонад ба тахриб ва фурӯпошии он боис гардад.

Беҳтарин воситаи пешгирии оқибатҳои манфии обшавии барф, саривақт бо риояи техникаи бехатарӣ тоза кардани бомҳо аз барф мебошад.

Барои ҷароҳат нагирифтан, КҲФ тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии зерин қатъиян риоя карда шаванд:

– зери лабгӯшаи боми хонаҳо, ки шӯшаҳо овезонанд, наистед, дар ин маврид ба рафтори кӯдакон ҷиддан диққат диҳед;

– аз рӯйи имкон талош кунед лабгӯшаи боми хонаҳоро аз яхпораҳо тоза кунед;

агар зарурати гузаштан аз лабгӯшаи бомҳои шушадор пеш омад, кӯшиш намоед хеле ба зудӣ аз он бигзаред;

– ҳангоми мушоҳида кардани шӯшаҳо ва якпораҳои овезон дар бомгӯшаҳо кӯшиш кунед ташкилоти хизматрасонро огоҳ созед. Кормандони хизмати коммуналӣ маъмуранд, ки ба иттилои шумо вокуниш нишон диҳанд.

– ҳамчунин дар ёд бояд дошт, ки бештар вақт шӯшаҳо дар обравҳо пайдо мешаванд, ин аст, ки ин мавзеъи хонаҳо хеле хатарноканд. Аз сӯйи дигар гузаргоҳи ин гуна мавзеъҳо хатари бештар доранд, чун маъмулан қабати ғафси ях маҳз зери обрави биноҳо ва шӯшаҳои овезон пайдо мешавад.

– зарур аст хеле эҳтиёткор буд ва аз зери деворҳои биноҳо бо эҳтиёт гузар кард. Агар ҳангоми ҳаракат дар пиёдарав шумо садои шубҳаовареро шунидед, набояд дар ҷоятон қарор гиред ва сар боло кунеду хоҳед донед, ки чӣ мегузарад. Эҳтимол меравад ин лағзиши барф аст ва ё афтиши яхпораи бузургест. Дар ин ҳолат ё зуд бояд гузашт ва ё зуд худро ба танаи девор ҷафс кард, то осебе ба худатон нарасад.

Қобили зикр аст, ки дар яхбандӣ маъмулан шумори осебдидагон дар кӯчаҳо меафзояд. Барои он ки налағжед ва осеб набинед, сари вақт ба пойафзоли худ эътибор диҳед, ҳатман попӯшҳоеро пӯшед, ки лағжонак набошанд. Бахусус, занон бояд дар чунин рӯзҳо аз пӯшидани пойафзоли пошнабаланд худдорӣ кунанд.

КҲФ ба ронандагон ҳушдор медиҳад, ки вақти сафар дар роҳҳои яхиву пурбарф кулли қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, фосиларо риоя кунанд ва хубтар аз ҳама аз сафарҳои безарурат дар чунин ҳолатҳои худдорӣ кунанд.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳарорат то 5-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...