ВКД сабаби пешакии сар задани сӯхторро, ки бар асари он 3 кӯдак ҳалок шуданд, шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби пешакии сар задани сӯхторро дар Душанбе, ки бар асари он 3 нафар кӯдакон ҳалок шуданд, шарҳ дод. Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сӯхтор нимаи рӯзи 2 март дар кӯчаи Хайрулло Мирзо хонаи 41, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст. “Мутаассифона, бар асари сӯхтор се кӯдаки оилаи Узоқовҳо – Абдурасули […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби пешакии сар задани сӯхторро дар Душанбе, ки бар асари он 3 нафар кӯдакон ҳалок шуданд, шарҳ дод.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, сӯхтор нимаи рӯзи 2 март дар кӯчаи Хайрулло Мирзо хонаи 41, ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст.

“Мутаассифона, бар асари сӯхтор се кӯдаки оилаи Узоқовҳо – Абдурасули 4-сола, Зуҳрои 3-сола ва Зайнаби 1-сола ҳалок шуданд. Сабаби ҳодиса тибқи азназаргузаронии пешакии ҷои ҳодиса – бе назорат гузоштани таҷҳизоти барқии гармидиҳанда (радиатор) мебошад”, – менависад ВКД.

Дар ҳамин ҳол, дар бораи дар куҷо қарор доштани волидон дар вақти сӯхтор хабар дода намешавад.

Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи корӣ фаъолият дошта, зарари расида муайян карда мешавад.

Ҳамчунин ба иттилои ВКД, шаби 3 март дар маркази савдои “Ҳамдилон” дар кӯчаи Раҷабалӣ Раҷабови ноияи Ёвон низ сӯхтор ба амал омадааст.

Соати 23:36 дақиқаи шаб сӯхтор пурра хомӯш карда шуда, майдони сӯхтор 420 метри мураббаъро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ нест. Зиёни аз сӯхтор расида муайян карда мешавад.

Тибқи маълумоти ВКД, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 1236 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 23 нафар ҳалок шуданд. Ҳаҷми умумии зиёни расида аз ин сӯхторҳо 47 млн сомониро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки шаби 28 феврал дар Душанбе аз дуди ангишт як оилаи иборат аз 6 нафар ҳалок шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.