Тоҷикистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни наврасону ҷавононро мизбонӣ мекунад

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар ҷараёни мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Тошканд дар бораи баргузор намудани Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар Душанбе созишнома ба имзо расониданд. Баргузории чемпионат моҳи октябри соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Баргузории Чемпионати ҷаҳон миёни напврасону ҷавононро ба Тоҷикистон бовар карданд! Ин чорабинии бошукӯҳ барои ҷудои тоҷик як қадами муҳим буда, нақш ва нуфузи афзояндаи онро дар арсаи ҷаҳонӣ тасдиқ мекунад», – иброз дошт муовини раиси Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ Эргаш Маҳмадбеков.

Ба гуфтаи ӯ, қарори IJF эътирофи дастовардҳои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мебошад.

«Комёбии бузурги Гран При Душанбе 2023, “Тоскулоҳи бузург”-и пешбинишуда дар Душанбе дар соли 2024 ва акнун Чемпионати ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон низ – ҳамаи ин аз рушди босуръати ҷудо дар Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва мақоми кишварро ҳамчун яке аз марказҳои пешбари ин намуди варзиш натанҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ низ тасдиқ мекунад», – гуфт ӯ.

Маҳмадбеков зикр кард, ки Чемпионати ҷаҳон-2024 барои натанҳо ҷудокорони тоҷик, балки барои тамоми дӯстдорони варзиши кишвар рӯйдоди фаромӯшнашаванда хоҳад буд. Ин натанҳо як фурсати нодир барои варзишгарони ҷавони Тоҷикистон ҷиҳати нишон додани маҳорату малакаи худ дар арсаи ҷаҳонӣ аст, балки мухлисон низ шоҳиди набардҳои ҷолиби беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон хоҳанд шуд.

“Имзои созишнома дар бораи баргузории Чемпионати ҷаҳон-2024 лаҳзаи таърихӣ барои ҷудои Тоҷикистон буда, ҷиҳати рушди он саҳифаи нав боз мекунад. Бовар дорам, ки ин чорабинӣ ба ҷашни ҳақиқии варзиш табдил хоҳад ёфт”, – илова намуд Маҳмадбеков.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...