Лоиқ Раҷабов дар UFC Fight Night бо нокаут ғалаба ба даст овард

Размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқаи Fight Night 238 (Vegas 87) дар Лас Вегас рақобати сеюми худро гузаронид. Ӯ бо ҳарифаш аз Фаластин Абдул-Карим Ал-Севади рақобат кард. “Танки тоҷик” дар оғози раунди сеюм бо зарбаи сахти дасти рст ҳарифро ба нокдаун фиристода, довар инро нокаути техникӣ ҳисоб кард. Барои размикор аз Тоҷикистон ин ғалабаи […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов дар доираи мусобиқаи Fight Night 238 (Vegas 87) дар Лас Вегас рақобати сеюми худро гузаронид. Ӯ бо ҳарифаш аз Фаластин Абдул-Карим Ал-Севади рақобат кард.

“Танки тоҷик” дар оғози раунди сеюм бо зарбаи сахти дасти рст ҳарифро ба нокдаун фиристода, довар инро нокаути техникӣ ҳисоб кард. Барои размикор аз Тоҷикистон ин ғалабаи дуюм дар промоушен аст. Рекорди ӯ дар ММА- 18-5-1 аст.

Дар ҷараёни рақобат Раҷабов пас аз 5 кӯшиши тейкдаун ҳарифашро чор маротиба ба пушт афтонида , 39 зарбаи ҳадафнок расонид.

Қобили зикр аст, ки дар панҷ дақиқаи раунди дуюм Ал-Севади бартарият дошт, худи Лоиқ дар мусоҳиба изҳор дошт, ки “дар раунди дуюм хеле зиёд об нӯшидааст”. 

Лоиқ Раҷабов қувваозмоиҳои касбии худро дар ММА 10 сол пеш оғоз намуда, қисмати зиёди онро дар PFL гузаронидааст. Дар он Лига ғалаба ва бохтҳои Лоиқ тақрибан баробар аст. Дар UFC ҳам ӯ ду қувваозмоӣ гузаронида, як ғалаба ва як бохт дорад. Дар рақобати дуюми худ дар UFC Лоиқ бо нокаути техникӣ аз Матеуш Ребетски шикаст хӯрда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.