Ҷасади муҳоҷири тоҷикро, ки ба дор овехта ёфт шуд, ба Тоҷикистон оварданд

Asia-Plus

Дар натиҷаи ташхиси ҷасади Маъруф Асоеви 34-сола, ки дар шаҳри Толяттии Русия ба дор овехта дарёфтанд, нишонаи маргӣ маҷбурӣ дарёфт нашуда, ҷасад ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст. Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Чанд рӯз пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки ҷасади як муҳоҷири тоҷикро дар дарафхте дар як ҷангал ба дор овезон дарёфт карданд. Гуфта мешуд, ки ӯ худро ба дор овехтааст. Сабаби худкушии ӯ маълум нест.

Вазорат ҳам мушаххас нагуфт, ки сабаби худкушии ӯ чист.

Танҳо гуфт, намояндагии вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират қазияи ба дор овехтани муҳоҷири тоҷикро мавриди пайгирӣ ва назорат қарор дода, барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин ҳодиса бо мақомоти дахлдори ин кишвар, ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони минтақа ва хешовандони марҳум дар ҳамкории зич мебошад.

Ба иттилои ин ниҳод, нафари фавтида шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Асоев Маъруф Ҷамшедович, 34 сола, зодаи шаҳри Душанбе, оиладор ва соҳиби 3 фарзанд мебошад, ки рӯзи 1-уми март худкушӣ кард.

“Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи гузаронидани ташхиси криминалистӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори кишвари иқомат, дар бадани Асоев Маъруф ягон нишонаҳои марги маҷбурӣ муайян нагардидааст”, – гуфтааст вазорати муҳоҷират ва меҳнат.

Ба иттилои ин ниҳод, бо мусоидати намояндагӣ ва кӯмаки ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Толятти ҷасади марҳум тариқи хатсайри ҳавопаймоии Самара-Душанбе  ба ватан интиқол дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола тарқибан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Даҳҳо нафар бо сабабҳои гуногун дар ин кишвар ба ҳалокат мерасанд. Фалокатҳо дар ҷои кору ҷои зист ва бемориҳову садамаҳои нақлиётӣ аз иллатҳои умдаи марги муҳоҷирони тоҷик дар Русия ном бурда мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...