Аз тармафароиҳо дар роҳҳои Тоҷикистон эҳтиёт шавед!

Asia-Plus

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои наздик дар қаламрави минтақаҳои кӯҳии ҷумурӣ хатари фаромадани тармаҳо боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар бо истинод ба ин маълумот огоҳ мекунад, ки аз ҷумла, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва манотиқи ғарбии ВМКБ хатари тарма ва резиши санг эҳтимол дорад.

Гуфта мешавад, хатари фаромадани тарма ва сангреза дар ин манотиқ эҳтимоли зиёд дорад.

“Аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунед, – омадааст дар хабари Кумита. – Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ, гузор аз минтақаҳои тармахез маслиҳат нест”.

Зикр мегардад, ки хатари лағзиши тарма ва резиши санг ҳамоно дар  минтақаҳои ВМКБ, навоҳии кӯҳиву наздикӯҳии қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ — Ишкошим зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...