Ҷавони тоҷике, ки дӯстдухтарашро дар Русия кушта буд, ба 15,6 соли зиндон маҳкум шуд

Дар додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Новосибирск аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хушунд Ҳамроев ҳукм содир шуд. Ҳамроев дар куштани духтари 17-сола, ки ба фикраш, ба ӯ хиёнат карда буд, гунаҳкор дониста шуд. Ба ӯ ҳукми 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид таъин шуд. Тавре ки дар саҳифаи Судҳои салоҳияти умумии вилояти Новосибирск хабар дода […]

Дар додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Новосибирск аз рӯи парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хушунд Ҳамроев ҳукм содир шуд. Ҳамроев дар куштани духтари 17-сола, ки ба фикраш, ба ӯ хиёнат карда буд, гунаҳкор дониста шуд. Ба ӯ ҳукми 15 солу 6 моҳи зиндони низомаш шадид таъин шуд.

Тавре ки дар саҳифаи Судҳои салоҳияти умумии вилояти Новосибирск хабар дода мешавад, инчунин додгоҳ даъвои ҷабрдидагонро қонеъ намуда, айбдоршавандаро ба пардохти 400 ҳазор рубл зиёни моддӣ ва 2 млн 500 ҳазор зиёни маънавӣ вазифадор кард.

Тавре ки қаблан хабар дода будем, ин ҳодисаи фоҷеабор дар микрорайони Нижняя Елтсовка шаби 27 июли соли 2022 рух дода, он дар таҷҳизоти видео сабт шудааст.

Дар кадрҳои видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ шуда, лекин мард ӯро дарёб мекунад ва сипас ба замин афтонида, бо корд ба зарбазанӣ оғоз мекунад.

Ин ҳодиса дар назди ронандаи автомашина ва як шоҳиди дигар рух дода, лекин онҳо аз наздикшавӣ бо ҷинояткори мусаллаҳ ҳарос намудаанд. Пас аз куштани духтар ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Духатри ҷабрдида то омадани мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба ҳалокат мерасад.

Шиносҳои духтар ҳикоят кардаанд, ки қаблан онҳо тайи ду сол бо ҳам муносибат дошта, як ё ду моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ба ақидаи онҳо, сабаби даст ба куштор задани ҷавон рашк аст. Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфта будааст, ки маъшуқаааш “ё аз они ӯ мемонад, ё аз они ҳеҷ кас намешавад”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.