Боздошти як тоҷикистонӣ дар Новосибирск барои куштани дӯстдухтараш

Як сокини шаҳри Новосибирски Русия бо зарбаи на камтар аз 15 маротиба бо корд собиқ дӯстдухтари худро куштааст. Лаҳзаи куштор дар таҷҳизоти сабти видеоии мошини аз наздашон гузаштаистода сабт шудааст. Дар кадрҳои навори видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ шуда, лекин мард ӯро дарёб мекунад ва сипас бо корд ба зарбазанӣ оғоз […]

Як сокини шаҳри Новосибирски Русия бо зарбаи на камтар аз 15 маротиба бо корд собиқ дӯстдухтари худро куштааст. Лаҳзаи куштор дар таҷҳизоти сабти видеоии мошини аз наздашон гузаштаистода сабт шудааст.

Дар кадрҳои навори видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ шуда, лекин мард ӯро дарёб мекунад ва сипас бо корд ба зарбазанӣ оғоз мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин ҳодиса дар назди ронандаи автомашина ва як шоҳиди дигар рух дода, лекин онҳо аз наздикшавӣ бо ҷинояткори мусаллаҳ ҳарос намудаанд. Пас аз куштани духтар ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Шахсияти ҳамлагар маълум шуда, ӯ сокини 27-солаи маҳаллӣ, шаҳрванди Тоҷикистон Роман Ҳамроев будааст.

Шиносҳои духтар ҳикоят кардаанд, ки қаблан онҳо тайи ду сол бо ҳам муносибат дошта, як ё ду моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ба ақидаи онҳо, сабаби даст ба куштор задани ҷавон рашк аст. Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфта будааст, ки маъшуқаааш “ё аз они ӯ мемонад ё аз они ҳеҷ кас” намешавад.

Гумонбаршуда рӯзи 27 июл дар ноҳияи Ленини Новосибирск боздошт шудааст. Шоҳидон бозпурсӣ шуда, ВКД муайян кардааст, ки Ҳамроев қаблан барои лату кӯб ва таҳдиди куштан ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст.

“Гумонбаршуда ният доштааст, ки қаламрави Русияиро тарк кунад, – хабар додаанд дар Сарраёсати ВКД. – Гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шуд”.

Гуфта мешавад, айни замон боздоштшуда мавриди бозпурсии муфаттишон қарор доррад. Кадрҳои навори видеои бозпурсӣ дар шабакаи Telegram-и 360tv нашр шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.