Оши палови тоҷикӣ дар Берлин. Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид

Лайлӣ Назарзода, Asia-Plus

Дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Берлин, ки айни ҳол ҷараён дорад, Тоҷикистонро роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкорӣ ва даҳҳо ширкати сайёҳии ватанӣ муаррифӣ мекунанд.

Аз ҷумла, дар ин намоишгоҳ намояндагони бахши сайёҳии шаҳрдории Душанбе, ширкатҳои сайёҳии ватании “Сайри Диёр”, “Сомон Трэвал”, “Силквей Эдвенче”, “Артуч”, “Асри 21”, корхонаи “Асрори санг”, “Нур Арт” ва ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иштирок доранд, ки тули чанд рӯз зарфиятҳои сайёҳии мамлакатро ба дӯстдорони сайру сайёҳат муарифӣ мекунанд.

Бояд гуфт, дар ҷараёни ин намоишгоҳ аз ҷониби тарабхонаҳои “Бухоро” ва “Зирбак” барои меҳмонон оши палав, ки ба феҳристи мероси ғайримодии созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шудааст, таҳия ва пешкаш карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...