Барои дарёфти Ҷоми шаҳрдори пойтахт зиёда аз 200 гӯштингир аз 40 кишвар ба Душанбе меоянд

Рӯзи 8 март дар Қасри теннис ва навъҳои варзиши обии Душанбе мусобиқаи 5-уми байнулмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр баргузор мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, барои иштирок дар ин мусобиқа зиёда аз 200 гӯштингир аз 40 кишвар ба шаҳри Душанбе меоянд. Фонди мукофотпулии мусобиқа 100 […]

Рӯзи 8 март дар Қасри теннис ва навъҳои варзиши обии Душанбе мусобиқаи 5-уми байнулмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр баргузор мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд, барои иштирок дар ин мусобиқа зиёда аз 200 гӯштингир аз 40 кишвар ба шаҳри Душанбе меоянд. Фонди мукофотпулии мусобиқа 100 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби фонди шаҳрдор ҷудо карда мешавад.

“Мусобиқа аз субҳ оғоз гардида, лекин маросими расмии ифтитоҳи он соати 15:00 ба нақша гирифта шудааст. Пас аз маросими ифтитоҳ варзишгарон ба қувваозмоиҳои финалӣ мепардозанд ва дар онҳо ғолибон муайян карда мешаванд”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Мусобиқаи бузургмиқёс барои дарёфти Ҷоми раиси Душанбе аллакай маротибаи панҷум маъмулан дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз баргузор мешавад. Дуруст аст, ки имсол он бо ҷашни дигар – рӯзи 8 март – Рӯзи модар рост меояд. Соли 2023 ин мусобиқа рӯзи 19 март доир гардида буд.

Соли гузашта барои иштирок дар мусобиқаи гӯштингирӣ дар Душанбе варзишгарони 25 кишвар омада, фонди мукофтпулии он 120 ҳазор долларро ташкил дода буд.

Он замон гӯштингирон дар 5 дараҷаи вазн қувваозмоӣ намуда, барои ҷойи якум – 10 ҳазор, ҷой дуюм – 7 ҳазор ва ҷойи сеюм – 3 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифта буданд.

Дар мусобиқаи соли 2023 ду намояндаи Тоҷикистон – Мулораҷаб Халифаев (65 кг) ва Наврӯзи Каримзод (71 кг) медалҳои тилло ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.