Эмомалӣ Раҳмон бонувонро бо ҷашни Рӯзи модар табрик кард

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон занони ҷумҳуриро бо ҷашни Рӯзи модар – 8 март табрику таҳният гуфт.

“Басо рамзист, ки ин рӯзи муборак ҳар сол дар рӯзҳои нахустини бедоршавии табиат, бо накҳату нафосати баҳорӣ ва дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Зеро Зан – Модар сарчашмаву офарандаи ҳаёт, рамзи покиву зебоӣ, махзани меҳру вафо ва таҷассуми зиндаи муҳаббату самимият мебошад”, – зикр мешавад дар Паёми шодбошии сарвари давлат ба ин муносибат.

“Мо – фарзандон бояд кӯшиш кунем, ки ба қадри модари мушфиқ, ранҷу машаққат ва ғамхориҳои ӯ расем, то метавонем хизматашро ба ҷо оварем ва дуои некашро гирем. Зеро модар мавҷуди муқаддастарин ва азизатарину бебаҳотарин барои инсон ва сазовору арзандаи ҳама гуна парастиш, дӯстдорӣ ва ғамхорӣ мебошад…

… Бо дарназардошти он, ки занону бонувон ва духтарони мо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар нақши бисёр арзишманду муассир доранд, давлат ва Ҳукумати мамлакат масъалаи таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро дар маркази сиёсати худ қарор додааст…

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эмомалӣ Раҳмон

… Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба ҳамаи модарони муҳтарам ва бонувону духтарони азизи кишвар миннатдории самимӣ баён намоям… Мо худ шоҳиди зиндаи хизматҳои шоёни модарону бонувон дар мушкилтарину сангинтарин рӯзҳои таърихи давлату миллати тоҷик, яъне замони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта ҳастем.

Онҳо сиёсати пешгирифтаи моро бо сабру таҳаммул ва самимияту садоқат дастгирӣ карданд, ки ҳаргиз фаромӯш намегардад…

… фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳарчи бештар инкишоф додани қобилияти занону бонувон ва духтарон дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ҳадафи асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад…

… Ман ба мардони муҳтарам муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям, ки мо бояд, сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошем, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд…

… Мо – мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан – Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем…

…Бо эҳтиром ба шахсияти муқаддаси Зан – Модар бори дигар тамоми модарони арҷманд ва бонувону духтарони азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи модар – ҷашни фархундаи баҳору зебоӣ ва садоқату муҳаббат самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломатӣ, иқболи нек ва зиндагии босаодати оилавӣ орзу менамоям…”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...