Муҳорибаи размикори тоҷик Аъзам Ғаффоров беҳтарин дар мавсими гузаштаи АСА дониста шуд

Қувваозмоии варзишгари тоҷик Аъзам Ғаффоров бо Вартан Асатрян аз Арманистон қувваозмоии соли муҳорибаҳои омехта эътироф шуд. Дар ин бора Лигаи АСА бо ҷамъбасти натиҷаҳо дар номинатсияҳои гуногун хабар медиҳад. Ин қувваозмоӣ моҳи августи соли 2023 дар доираи мусобиқаи Гран-прии АСА доир гардид. Бо қарори доварон дар ин қувваозмоӣ размикори тоҷик ғолиб дониста шуд. Қувваозмоӣ дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Қувваозмоии варзишгари тоҷик Аъзам Ғаффоров бо Вартан Асатрян аз Арманистон қувваозмоии соли муҳорибаҳои омехта эътироф шуд. Дар ин бора Лигаи АСА бо ҷамъбасти натиҷаҳо дар номинатсияҳои гуногун хабар медиҳад. Ин қувваозмоӣ моҳи августи соли 2023 дар доираи мусобиқаи Гран-прии АСА доир гардид. Бо қарори доварон дар ин қувваозмоӣ размикори тоҷик ғолиб дониста шуд.

Қувваозмоӣ дар мусобиқаи АСА 161 дар доираи даври чаҳорякниҳоии Гран-при баргузор шуд. Ба ин тариқ, Ғаффоров ба даври нимфиналии Гран-при роҳ ёфта, имсол бояд бо қаҳрамони вазнҳои сабуктарини дивизион Қурбон Гаджиев қувваозмоӣ мекард. Он ба вақти дигар гузаронида шуд.

Пирӯзии Аъзам Ғаффров 14-умин дар давраи ҳунарнамоиша аст. Ӯ ҳамчунин 3 бохт дорад. Ҳарифи ояндаи Ғаффров дар даври нимфиналии Гран-при Қурбон Гаджиеви 30-сола 19 ғалаба ва 3 бохт дорад.

Аъзам Ғаффоров дар Муъминобод ба дунё омада, дар оилаашон бо шумули худаш панҷ фарзанданд. Пас аз хатми мактаби олӣ Аъзам ба Маскав рафта, дар анбор кор мекард ва ҳамзамон ба машқу тамрин ҳам машғул мешуд.

Иштироки худро дар муҳорибаҳои омехтаи касбӣ соли 2015 аз ташкилоти Octagon Fighting Sensation оғоз кард. Баъди чанде аз муҳорибаҳои муваффақона дар лигаҳои Русия, тақдир Аъзамро ба Чин бурда, дар он ҷо дар промоушени WFL Wars ду қувваозмоӣ гузаронид.

Пас аз ин Аъзам Иван Андрюшенкоро дар АСВ шикаст дода, баъди ба табдил ёфтани ин ташкило ба АСА, дар он мавқеи устувор пайдо кард. Дар қувааозмоии аввалин Ғаффоров аз Юнус Евлоев шикаст хӯрда, дар муҳориба бо Мансур Хатуев дастболо шуд. Сипас аз Чарлз Энрик ва Алан  Гомеш (ҳарду аз Бразилия) шикаст хӯрд.

Рӯзи 11 августи соли 2023 Ғаффоров дар чаҳорчӯби даври чаҳорякфиналии Гран-прии АСА дар вазни сабуктарин бо Вартан Асатрян рақобат кард. Бо қарори ҷудогонаи доварон Аъзам ғолиб дониста шуд.

Қувваозмоии Ғаффоров бо Алан Гомеш, ки Қурбон Гаджиеви ҷароҳатгирифтаро иваз кард, бояд рӯзи 9 феврал дар доираи даври нимфиналии Гран-прии АСА дар дивизиони вазни сабуктарин баргузор мешуд.

Лекин Гомеаш дар масоили марбут ба вазн ба мушкилот дучор шуда, тасмим гирифт, ки аз иштирок дар мусобиқа даст мекашад. Дар баркашии расмӣ вазни Ғаффоров “ба таври назаррас” зиёд буд. Ҳоло маълум нест, ки қувваозмоии минбаъдаи Аъзам кай баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.