Муштзанони тоҷик ба Бозиҳои олимпӣ 3 роҳхат гирифтанд

Муштзани тоҷик (63,5 кг) Баҳодур Усмонов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои Олимпӣ дар Италия бар муштзани Ҷопон Нишияму Шион бо ҳисоби 3:2 дастболо шуда, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии-2024 дар Париж иҷозатнома дарёфт кард. Асрор Воҳидов (57 кг) дар даври 1/8 финалӣ намояндаи Озарбойҷон Умед Рустамовро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Муштзани тоҷик (63,5 кг) Баҳодур Усмонов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои Олимпӣ дар Италия бар муштзани Ҷопон Нишияму Шион бо ҳисоби 3:2 дастболо шуда, барои иштирок дар Бозиҳои олимпии-2024 дар Париж иҷозатнома дарёфт кард.

Асрор Воҳидов (57 кг) дар даври 1/8 финалӣ намояндаи Озарбойҷон Умед Рустамовро мағлуб карда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар сурати пирӯзӣ Асрор низ ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегирад. Намояндагони дигари Тоҷикистон аз рақобат барои роҳхатҳо маҳрум шуданд.

Дар Бусто-Арситсио (Италия) аввалини Мусобиқаи ҷаҳонии олимпӣ оид ба бокс ҷараён дорад. Дар мусобиқа 632 варзишгар (339 мард ва 233 зан) аз 112 кишвар, инчунин дастаи паноҳандагон иштирок доранд.

Дар ин мусобиқа дар 13 вазн (7 миёни мардон – 28 иҷозатнома, 6 миёни занон – 21 иҷозатнома) 49 роҳхат ба Бозиҳои олимпии Париж дарёфт мешавад.

Аз ҷумла, миёни занон варзишгароне, ки дар ҳамаи вазнҳо ба даври нимфиналӣ мебароянд – 4 нафарӣ дар ҳар кадоме аз вазнҳо, ба ҷуз 57 кг (2 нафар) ва 60 кг (3 нафар), ба Париж роҳхат мегиранд.

Мунтахаби Тоҷикистон аз варзишгарони зерин иборат аст: Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Асрор Воҳидов (57 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Шаҳобҷон Шукуров (71 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг).

Даври дуюм ва интихобии охирин ба Бозиҳои олимпӣ моҳи май дар Бангкок ба нақша гирифта шудааст. Қаблан Тоҷикистон 2 роҳхати олимпӣ гирифт, ки муштзанон Миҷгона Самадова (57 кг) ва Давлат Болтаев (92 кг) ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.