Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳамчун кумаки башардӯстона 15 ҳазор тонна мазут дод

Asia-Plus

Рӯзи 12-уми марти соли равон Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон 15 ҳазор тонна мазут тақдим кард, хабар медиҳад, ин сафорат.

Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар маросими интиқоли маводи сӯхт таъкид кардааст, ки ин кумак бо дастури раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат гирифтааст.

«Таъмини кӯмаки башардӯстона бо мусоидати Оҷонсии Қазоқистон оид ба рушди байналмиллалии «KazAID» сурат гирифта, саҳм дар таъмини амнияти энергетикӣ ва зуҳури муносибатҳои стратегии хоси ҳамкориҳои чандинасраи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад»,-гуфтааст, ин дипломати қазоқ.

Вай таъкид кард, ки арзиши сӯзишвории интиқолшуда, ки барои “фаъолияти устувори иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, ҳудуди 5,65 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2023 ҳудуди 2 миллион долларро ташкил додааст.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳудуди 23 ҳазор тонна мазут ворид кардааст.

Мутаносибан, мазуте, ки як рӯз пеш ба даст омадааст, беш аз 65,2 дарсади воридоти соли гузаштаи ин сӯзишворро ташкил медиҳад.

Дар худи Точикистон соли гузашта аз ҳисоби коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҳамагӣ қариб 3,9 ҳазор тонна мазут истеҳсол карда шудааст.

Мазутро дар Тоҷикистон умдатан дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 барои тавлиди гармӣ ва нерӯи барқ ​​дар фасли тирамоҳу зимистон истифода мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар шароити норасоии шадид бештари пойтахт бо нерӯи барқ ​​тавассути марказҳои гармидиҳӣ таъмин карда мешавад.

Ҳоло сокинони манотиқи кишвар дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ ​​мегиранд. Аз охири моҳи феврал инҷониб дар пойтахт низ мунтазам барқ ​​хомӯш карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...