Танҳо ҳар як 18-ум сокини Тоҷикистон мошин дорад

Дар Тоҷикистон солҳои ахир шумори воситаҳои нақлиёт ба таври назаррас зиёд шуд. Лекин сарфи назар аз ин, ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаи шумори мошинҳои сабукрав ба ҳар сари аҳолӣ аз ҳамсояҳояш қафо мемонад. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чанде аз маълумоти омориро дар бораи шумори автомашинаҳо дар ҷумҳурӣ ба нашр расонид. Ба ин тариқ, то 1 марти соли […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон солҳои ахир шумори воситаҳои нақлиёт ба таври назаррас зиёд шуд. Лекин сарфи назар аз ин, ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаи шумори мошинҳои сабукрав ба ҳар сари аҳолӣ аз ҳамсояҳояш қафо мемонад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон чанде аз маълумоти омориро дар бораи шумори автомашинаҳо дар ҷумҳурӣ ба нашр расонид.

Ба ин тариқ, то 1 марти соли 2024 дар ҷумҳурӣ 666 ҳазору 74 адад воситтаи нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудааст. Як сол пеш ин рақам ба 601 ҳазору 136 адад ва дар соли 2014 бошад, ба 38 ҳазору 939 адад баробар буд.

Ҳамчунин Вазорати нақлиёт дар бораи мошинҳои сабукрав маълумот додааст. Айни замон дар кишвар 562 ҳазор мошини сабукрав ба қайд гирифта шудааст.

Вазорат ин рақамро бо нишондиҳандаҳои соли гузашта ё 10 сол пеш муқоиса накарда, нишондиҳандаи соли 1991-ро овардааст. Он замон дар қаламрави Тоҷикистон ҳамагӣ 216 ҳазор адад мошини хусусии сабукрав ба қайд гирифта шуда буд.

Вазорат хотиррасон мекунад, ки шурӯъ аз тирамоҳи соли гузашта вуруди воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 манъ шуд. Ҳадафи он ҳифзи муҳити зист маънидод шуд.

Дар баробари ин, ба иттилои ин ниҳод, ба Тоҷикистон ворид кардани  мошинҳои барқӣ низ афзуда, соли 2023 тақрибан 1,5 ҳазор мошинҳои барқӣ харидорӣ карда шуданд ва минбаъд ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳиссаи онҳоро то 20-30% афзоиш диҳад.

Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз лиҳози шумори автомашинаҳо ба ҳар сари аҳолӣ, ки 55 автомашина ба 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, дар ҷаҳон зинаи 154-ум ва миёни кишварҳои ИДМ – зинаи охирро ишғол мекунад. Ё худ бо методикаи дигари арзёбӣ ин маънои онро дорад, ки танҳо ҳар як 18-ум сокини Тоҷикистон автмашинаи худро дорад.

Барои муқоиса маълумоти омории чанде аз кишварҳои хориҷи наздикро меорем: дар Русия нишондиҳандаи мазкур 395 автомобил ба ҳар сари аҳолӣ, дар Қазоқистон – 226, Қирғизистон – 201, Туркманистон – 102 ва Ӯзбекистон – 87 автомашина ба ҳазор нафар аҳолӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.