Умар Зиёев, овозхони шинохтаву роҳбари “Гулшан”-у “Сипар” даргузашт. Ӯро имрӯз дар Лучоб ба хок месупоранд

Asia-Plus

Умар Зиёев, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз овозхонони шинохтаи тоҷик дирӯз, 17-уми март, дар 73-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Афзалшо Шодиев, овозхони тоҷик хабар дод.

Ин овозхон дар тамоси телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, Умар Зиёев ҳудуди соати 17:00 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва ҷанозаи марҳум имрӯз, 18-уми март, пеш аз намози пешин дар маҳаллаи 91, назди тарабхонаи “Арбат” баргузор мешавад.

Аз Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки Умар Зиёев дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад.

“Марҳум унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистонро доранд ва чун ҳар нафаре, ки ин гуна унвони давлатӣ дорад, дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорида мешавад, Умар Зиёев низ он ҷо дафн мегардад", – гуфт Раҳмоналӣ Мирализода, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Умар Зиёев 28-уми феврали соли 1951 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шуда буд. Хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1974 ба дастаи эстрадии “Гулшан” даъват гардид ва беш аз ду даҳсола дар пешбурди эстрадаи тоҷик саҳм гирифт.

Мавсуф аз сарояндаҳои хушноми 50 соли охир буда, солҳо раҳбари дастаҳои ҳунарии “Гулшан” ва “Сипар”-ро ба дӯш дошт.

Ин овозхон дар солҳои 1980-ум бо сурудаҳои “Сад раҳ дар интизорат”, “Зулфи парешон” ва “Замини маҳбуб ва зодгоҳ” шӯҳрат ёфта, дар солҳои 2000-ум ба хондани сурудҳои ватанпарварона пардохт.

Дар охирин мусоҳибааш бо "Азия-Плюс" гуфта буд, бо сари баланд масъулияти ба дӯш доштаро ба поён расонид.

Ӯ дар охири умр ният дошт, ки таърихи дастаи ҳунарии "Гулшан"-ро нависад.

“Паймонаи дил”, “Зулфи парешон”, “Дидам туро”, “Боз омадӣ”, “Баҳорам”, “Дилбари ман”, “Туро ман дӯст медорам”, “Марав”, “Шаби маҳтоб”, “Мадеҳ озорам”, “Биё бимон”, “Фариза” аз беҳтарин таронаҳои сурудааш мебошанд.

Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1989), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2000) буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...