Эмомалӣ Раҳмон Владимир Путинро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям. Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Шуморо дар робита ба пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи президентӣ самимона табрик менамоям.

Натиҷаҳои овоздиҳии доиргардида боз як далели возеҳи тасдиқи обрӯву эътибори баланди сиёсии Шумо ва аз ҷониби ҷомеаи Русия ба таври васеъ ҷонибдорӣ ёфтани сиёсати давлатиатон ҷиҳати таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва таҳкими мавқеи байналмилалии он мебошад”.

Ҳамчунин, дар барқияи табрикотӣ зикр мегардад, ки “омодаем, ки якҷо бо Шумо дар оянда низ ҷиҳати ба сатҳи баланди нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ба нафъи мардумонамон талошҳои муштарак ба харҷ диҳем”.

Бояд гуфт, ки дар интихоботи ахири президентӣ дар Русия аз 15 то 17-уми март баргузор шуд. Тибқи натиҷаи пешакии эълоншуда, баъди шумориши 90 дарсади баргаҳо:

Владимир Путин – 87,21 дарсад,

Николай Харитонов – 4,29 дарсад,

Владислав Даванков – 3,93 дарсад,

Леонид Слутский – 3,17 дарсад овоз гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.