Ба Тоҷикистон Наврӯз омад! Имсол ин ҷашни байналмилалӣ чӣ гуна таҷлил мешавад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 20-уми март, дар Тоҷикистон Наврӯз оғоз шуд: мувофики ҳисобҳои астрономӣ дар соати 8:06 дақиқа ба вақти Душанбе Замин аз баробаршавии шабурӯзи баҳорӣ гузашта, Офтоб аз нимкураи ҷанубӣ ба шимолӣ ҳаракат кард. Ин лаҳзаи фаро расидани Наврӯз – Соли нави аҷдодӣ меноманд.

Имрӯз дар Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз – мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ” баргузор мешавад.

Бино ба иттилоъи бахши иттилооти шаҳрдории пойтахт, ҷашнвора аз ду қисм иборат аст: дар бахши аввал дар Китобхонаи миллии кишвар конфронс ва дар бахши дувум дар “Боғи Ирам” чорабинии фарҳангӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин, бозиҳои миллии варзишӣ ва барномаи консертӣ бо ширкати ҳунармандони кишвар пешбинӣ шудааст.

Ҷашнвора соли шашум аст, ки баргузор мешавад ва ҳадафаш муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон ва имконоти сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

Рӯзи 21-уми март, соати 04:00 дар Боғи ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ афрӯхта мешавад ва дар он ҷо суманак мепазанд.

Соати 06:00 корвони наврӯзӣ таҳти сарварии Бобои деҳқон ва Маликаи Баҳор зери садои карнайнавозон аз чаҳор дарвозаи пойтахт ба ҳар гӯшаи шаҳр равон шуда, ба сокинону меҳмонони шаҳр хушхабари фарорасии Наврӯзро мерасонанд.

Рӯзи 23-юми март дар боғҳои шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ ва баъд аз зуҳри 24-уми март дар Майдони “Истиқлол” бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намоиши театрӣ ва “Карнавали Наврӯзӣ” баргузор мешавад.

Наврӯзи имсола ба моҳи шарифи Рамазон рост омад. Тавре аз шаҳрдорӣ қаблан хабар дода буданд, дар ин робита тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ асосан шомгоҳон баргузор мешаванд.

“Ин тасмим ба хотири он гирифта шудааст, ки идро шахсони рӯзадор ба хубӣ таҷлил кунанд”, – гуфта буданд дар шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, чорабиниҳои идона дар боғи Куруши Кабири ноҳияи Шоҳмансур, дар боғи ба номи Айнии И.Сомонӣ, дар боғи ба номи Фирдавсии нохияи Фирдавсӣ ва Умари Хайёми ноҳияи Сино пешбинӣ шудааст.

Дар кишвар аз 21 то 26-уми март таътил эълон шудааст.

Наврӯз ин ҷашни соли нав аз рӯйи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ҳамоҳангие, ё худ вобастагие бо дин надорад.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ӯро дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ пеш аз асри VII-и пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд. Азбаски ҷашни Наврӯз дар замонҳои хеле қадим пайдо шуд, давраи пайдоиши аслии он маълум нест.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...