Сиёсатмадори қирғизе, ки санади қитъаи марзӣ бо Тоҷикистонро имзо карда буд, озод шуд

Date:

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек вакили порлумон ва раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаровро дар хиёнат ба давлат айбдор донист, аммо аз толори додгоҳ раҳо кард.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 26-уми март навишт, ки Адахон Мадумаров ба далели сипарӣ шудани муҳлати эътибор аз толори додгоҳ озод карда шудааст.

Муҳокимаи парвандаи Мадумаров пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Раиси ҳизби мухолифи “Бутун Қирғизистон”-ро рӯзи 2-юми сентябри соли 2023 нерӯҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар Бишкек боздошт карданд.

Вакили дифои сиёсатмадор Гуляна Убалиева гуфт, ки Мадумаров ба “хиёнат ба давлат” муттаҳам мешавад.

Убалиева тасдиқ кард, ки парванда ба санади қитъаи марзии Торт-Кочо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад.

Адахон Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 ин санадро имзо кардааст. Аммо Мадумаров худро бегуноҳ ва парвандаашро “сиёсӣ” номид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...