Як шаҳрванди Тоҷикистонро барои бознашри навори ҳамла ба “Крокус” ва шарҳ дар зери он боздошт кардаанд

Asia-Plus

Рӯзи 27 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия шаҳрванди Тоҷикистонро гӯиё барои “сафедкунии терроризм” боздошт карданд. Нисбати ӯ мутобиқи моддаи 205.2, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, айни замон масъалаи ба ҳабс гирифтани ӯ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад. Дар ин бора Раёсати Кумитаи тафтишот дар Санкт-Петербург хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти Astra, айбдоршаванда Баҳодур Зуҳурови 26-сола аст. Ба ӯ ҷазои то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар навори нашршудаи Кумитаи тафтишот ӯ маъзарат хоста, мегӯяд, ки “ин кор дигар такрор намешавад”.

Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ӯ дар як замимаи гуфтугӯии шабакаи Телеграм навори ҳамла ба “Крокус”-ро нашр кардааст, ки дар он аломатҳои сафедкунии терроризм дида мешаванд. Маълум нест, ки кадомашро маҳз Зуҳуров нкавиштааст ва воқеъан ҳам ӯ нашр кардааст ё не.

Мувофиқи айбнома тибқи моддаи 205, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Русия, ба ӯ ҷазоиаз 5  то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қаблан маълум шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон Аҳмад Файзуллохонзодаро аз Русия хориҷ мекунанд. Гӯиё ӯ узви гурӯҳе дар шабакаи Телеграм будааст, ки тариқи он гумонбарони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” ба анҷоми амали террористӣ ҷалб шудаанд.

Ӯ ҳамчунин ба маблағи 5 ҳазор рубл ҷарима шуда, ба маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ бурда шудааст. Дар ин бора рӯзи 27 март роҳбари хадамоти матбуоти додгоҳҳои Петербург Даря Лебедева хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Файзуллохонзода барои нақзи қонунгузории муҳоҷират (қ.2, модд. 18.8 КҲМ ФР) ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Нимаи моҳи январ ӯ ба Русия омада, патенти кор мегирад, лекин худро на аз рӯи суроғаи маҳалли зисти воқеӣ ба қайд мегузорад. Аммо, таъкид мекунад Лебедева, кормандони сохторҳои қудратӣ ба ин кор начандон таваҷҷуҳ доштанд.

“Файзуллохонзода дар Телеграм узви гурӯҳе буд, ки дар он намояндагони созмони террористии ДОИШ шахсонро барои анҷоми амали террористӣ дар Русия ҷалб мекунанд. Афроде, ки рӯзи 22-юми март дар “Крокус Сити Холл” амали террористӣ содир намуданд, ба ҳамин гурӯҳи интернетӣ ба ин кор ҷалб шуда буданд”, – менависад Даря Лебедева.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...