Даромади муҳоҷирони тоҷик дар Маскав чӣ қадар аст?

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба ҳисоби миёна дар як моҳ 54,5 ҳазор рубл маош мегиранд ва аксарияти онҳо мегӯянд, ки ин пул танҳо барои қонеъ намудани ниёзҳои аввалияи зарурӣ – хӯрок ва сарулибос мерасад. Музди меҳнати миёнаи муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Маскав ба 54,5 ҳазор рубл (ҳудуди 597 доллар ё худ каме бештар […]

Муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба ҳисоби миёна дар як моҳ 54,5 ҳазор рубл маош мегиранд ва аксарияти онҳо мегӯянд, ки ин пул танҳо барои қонеъ намудани ниёзҳои аввалияи зарурӣ – хӯрок ва сарулибос мерасад.

Музди меҳнати миёнаи муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ дар Маскав ба 54,5 ҳазор рубл (ҳудуди 597 доллар ё худ каме бештар аз 6,5 ҳазор сомонӣ) баробар аст. Дар ин бора дар таҳқиқоти “Муҳоҷирати корӣ аз Осиёи Миёна дар Маскави муосир: мутобиқшавӣ, будубоши қонунӣ, ҳимоя аз ҳуқуқҳо” маълумот дода мешавад, ки аз натиҷаҳои он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Маскав Татяна Потяева хабар додааст.

Тирамоҳи соли 2023 дастгоҳи Омбудсмен миёни 900 муҳоҷири синни аз 18 то 60-сола аз Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон назарпурсӣ гузаронид.

Маълум шуд, ки нисфи пурсидашудагон бидуни шартномаи меҳнатӣ кор карда, маошро ба таври нақдӣ бе варақаи пардохт (ведомост) мегиранд.

Ҳудуди 44%-и муҳоҷирон якҷоя хона иҷора мегиранд. Танҳо 3,7%-и хориҷиёне, ки ба Маскав барои пулкоркунӣ омадаанд, суғуртаи тиббии пулакӣ доранд. Қариб чаҳоряки пурсидашудагон ҳатто дар сурати зарурати таъҷилӣ ба духтур муроҷиат намекунанд.

Бо ин маош муҳоҷирони корӣ чӣ харида метавонанд?

Дар таносуби фоизӣ онҳо чунин посух доданд:

Муҳоҷирон дар куҷо кор мекунанд?

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот, фарзандони 39,1%-и муҳоҷирони тоҷик ҳамроҳашон дар Маскав мебошанд. 37,3%-и онҳо мушкилоти бақайдгирӣ доранд, то ки кӯдакашонро ба кӯдакистон диҳанд. 54,2%-и онҳо дар таҳсили фарзандонашон дар мактаб низ ба мушкилӣ дучор шудаанд.

Аксарияти наврасон аз Тоҷикистон дар бахшҳои ғайрирасмӣ кор мекунанд:

24,8%-и муҳоҷирони тоҷик мехоҳанд, ки доимӣ бо манзили зист дар Маскав иқомат дошта бошанд.

Зиёда аз 40%-и пурсидашудагон бар ин назаранд, ки сокинони шаҳри Маскав бо онҳо муносибати хуб доранд. Аз бадбинӣ ҳамагӣ 5%-и пурсидашудагон изҳори назар карданд.

Вазъият хушоянд нест…

Ҳамчунин дар бораи ҷараёни ба қайд гузоштани муҳоҷирони корӣ дар Русия маълумот дода мешавад. Ба ин тариқ, дар нимсолаи аввали соли гузашта (с.2023) 960 ҳазор тоҷикистониён барои ба қайд гузоштан ҳуҷҷатҳои дахлдор гирифтаанд.

Тавре ки нашрияи “Коммерсантъ” менависад, президенти Иттиҳоди байнулмилалии “Муҳоҷирати корӣ” Николай Курдюмов вазъиятро “аз лиҳози имкони танзими вуруди муҳоҷирон” ногувор (нохушоянд) номидааст:

“Онҳо эҳтиёҷот ба қувваи кориро дар соҳаҳои барои иқтисод муҳимтарин қонеъ намегардонанд. Маълум шуд, ки аксарияти кулли муҳоҷирон на тавассути агентиҳои расмӣ ва хадамоти шуғли аҳолӣ, балки тариқи дӯстону хешовандонашон кор пайдо мекунанд”.

Роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ оид ба муҳоҷират ва мансубияти этникӣ дар РАНХиГС Евгений Варшавер дар бораи методологияи таҳқиқот саволҳо дорад: «Аз шарҳ возеҳ нест, ки маълумот чӣ гуна ва бо кадом тартиб ҷамъоварӣ шудааст. Ва бо назардошти он, ки, зоҳиран, маълумот танҳо ба забони русӣ ҷамъоварӣ шудаасту барои таҳқиқоти муосири муҳоҷират қобили қабул нест, метавон тағйироти назаррасро интизор шуд".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.