Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Иқбол Зарифзода, донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар бинои сохтмонаш нотамоми хобгоҳи донишгоҳ худкушӣ кардааст. Ҳодиса шаби 15-уми март рух додааст.

Заррина Ахмедова, муовини декани факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷавони марҳум Иқбол Зарифзода ном дошта, бар асарӣ беморӣ фавтидааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, рух додани ҳодисаи худкушӣ дар хобгоҳи ДДХ-ро тасдиқ карда, гуфт, ҳодисаи худкушии донишҷӯ шаби 14-15-уми март  рух додаааст.

Як манбаъ аз ДДХ ба “Азия-Плюс” гуфт, марҳум донишҷӯйи соли 2-юми факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ ва сокини ноҳияи Мастчоҳ буда, бемории рӯҳӣ дошт.

“Масъулини хобгоҳ гумон мекунанд, ки ҷавон аз хобгоҳ баромада рафтааст, аммо тариқи таҳлили наворҳои камераҳои назоратӣ маълум мешавад, ки ҷавон ба хобгоҳи сохтмонаш нотамом рафта, дар ошёнаҳои иловагии хобгоҳи № 9 бо роҳи худовезӣ риштаи умрашро кандааст”, – гуфт ин манбаъ.

Бояд гуфт, ки ин дуввумин ҳодисаи марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст. Шаби 15-уми март Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, аз дасти шавҳараш кушта шуд.

Сатторова ҳам донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории ДДХ буд. Масъулини ин факулта зикр карданд, ки шавҳари Фотима Сатторова бемории рӯҳӣ дошт.

Ёдовар мешавем, ки даст ба худкушӣ задани донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шимоли кишвар ҳодисаи нав нест. Аз ин пештар М. А. хонандаи синфи 9-уми мактаби №22-и деҳаи Кӯҳандижи ҷамоати деҳорти Зарҳалол шаҳри Истаравшан низ даст ба худкушӣ зада буд.

Масъулини маориф ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят сабабҳои худкуширо миёни сокинон бештар ба касалиҳои рӯҳӣ, шароити вазнини оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...