Худкушии як донишҷӯ дар хобгоҳ. Ин ҳодисаи дуввуми марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст

Иқбол Зарифзода, донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар бинои сохтмонаш нотамоми хобгоҳи донишгоҳ худкушӣ кардааст. Ҳодиса шаби 15-уми март рух додааст. Заррина Ахмедова, муовини декани факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷавони марҳум Иқбол Зарифзода ном дошта, бар асарӣ беморӣ фавтидааст. Акбар Шарифӣ, […]

Иқбол Зарифзода, донишҷӯи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) дар бинои сохтмонаш нотамоми хобгоҳи донишгоҳ худкушӣ кардааст. Ҳодиса шаби 15-уми март рух додааст.

Заррина Ахмедова, муовини декани факултаи забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ҷавони марҳум Иқбол Зарифзода ном дошта, бар асарӣ беморӣ фавтидааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯйи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, рух додани ҳодисаи худкушӣ дар хобгоҳи ДДХ-ро тасдиқ карда, гуфт, ҳодисаи худкушии донишҷӯ шаби 14-15-уми март  рух додаааст.

Як манбаъ аз ДДХ ба “Азия-Плюс” гуфт, марҳум донишҷӯйи соли 2-юми факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ ва сокини ноҳияи Мастчоҳ буда, бемории рӯҳӣ дошт.

“Масъулини хобгоҳ гумон мекунанд, ки ҷавон аз хобгоҳ баромада рафтааст, аммо тариқи таҳлили наворҳои камераҳои назоратӣ маълум мешавад, ки ҷавон ба хобгоҳи сохтмонаш нотамом рафта, дар ошёнаҳои иловагии хобгоҳи № 9 бо роҳи худовезӣ риштаи умрашро кандааст”, – гуфт ин манбаъ.

Бояд гуфт, ки ин дуввумин ҳодисаи марги донишҷӯ дар ДДХ давоми ду ҳафтаи охир аст. Шаби 15-уми март Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, аз дасти шавҳараш кушта шуд.

Сатторова ҳам донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории ДДХ буд. Масъулини ин факулта зикр карданд, ки шавҳари Фотима Сатторова бемории рӯҳӣ дошт.

Ёдовар мешавем, ки даст ба худкушӣ задани донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар шимоли кишвар ҳодисаи нав нест. Аз ин пештар М. А. хонандаи синфи 9-уми мактаби №22-и деҳаи Кӯҳандижи ҷамоати деҳорти Зарҳалол шаҳри Истаравшан низ даст ба худкушӣ зада буд.

Масъулини маориф ва ҳифзи ҳуқуқи вилоят сабабҳои худкуширо миёни сокинон бештар ба касалиҳои рӯҳӣ, шароити вазнини оилавӣ, муноқишаҳои оилавӣ рабт медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.