КДАМ гуфт, хабари боздошти шаҳрвандон дар робита ба кӯшиши анҷоми амали террористӣ дар Наврӯз асоси воқеӣ надорад

Asia-Plus

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандон дар робита ба ташкили амали террористӣ дар ҷашни Наврӯзро расман рад кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба изҳороти КДАМ хабар медиҳад.

“…баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот зикр гардидааст, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Ҳафтаи гузашта чанде аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла ОИ “Азия-Плюс” бо такя ба манобеъи худ дар ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз 15 нафарро боздошт ва аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Вахдат пешгирӣ кардааст.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки онҳо натавонистаанд иттилои аз манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ бадастовардаашонро дар ниҳодҳои амниятӣ расман тасдиқ ё такзиб кунанд. Давоми як ҳафтаи баъди нашри ин хабар, мақомоти расмӣ ва амниятӣ дар ин бора изҳороти расмӣ надодаанд ва ё иттилоъи расонаҳоро рад накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...