КДАМ гуфт, хабари боздошти шаҳрвандон дар робита ба кӯшиши анҷоми амали террористӣ дар Наврӯз асоси воқеӣ надорад

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандон дар робита ба ташкили амали террористӣ дар ҷашни Наврӯзро расман рад кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба изҳороти КДАМ хабар медиҳад. “…баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба […]

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандон дар робита ба ташкили амали террористӣ дар ҷашни Наврӯзро расман рад кард. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба изҳороти КДАМ хабар медиҳад.

“…баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз паҳн месозанд”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Дар изҳорот зикр гардидааст, ки “ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд”.

Ҳафтаи гузашта чанде аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла ОИ “Азия-Плюс” бо такя ба манобеъи худ дар ниҳодҳои қудратӣ ва амниятӣ хабар дода буданд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз 15 нафарро боздошт ва аз ҳамлаи террористӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Вахдат пешгирӣ кардааст.

Он замон расонаҳо навиштанд, ки онҳо натавонистаанд иттилои аз манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ бадастовардаашонро дар ниҳодҳои амниятӣ расман тасдиқ ё такзиб кунанд. Давоми як ҳафтаи баъди нашри ин хабар, мақомоти расмӣ ва амниятӣ дар ин бора изҳороти расмӣ надодаанд ва ё иттилоъи расонаҳоро рад накардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.