Боздошти боз се зодаи Осиёи Марказӣ дар робита ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”

Asia-Plus

Маъмурони ФСБ ё Хадамоти федеролии амнияти Русия се зодаи Осиёи Марказиро ба гумони кумак ба ҳамлаварони "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир кардаанд.

Хабаргузории русии "ТАСС" рӯзи 4-уми апрел дар ин бора хабар дод, аммо ҳувияти онҳо ва ҷузъиёти қазияро ошкор накард.

Манбаъ аз қавли масъулони ФСБ навиштааст, ки ин се нафар ба ҳамлаварон силоҳу мошин харида додаанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Гумонбарон дар шаҳрҳои Маскаву Екатеринбург ва Омск боздошт шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 осеб дидаанд.

Дар робита ба ин ҳодиса дар умум, дар оғоз ба иттилои мақомоти Русия, 11 нафар боздошт шуд. Аз ҷумла, чор нафар – Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар – Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад. Баъдтар, падару писар – Аминҷон ва Исроил Исломовҳо аз ҳукми додгоҳ шикоят карданд, вале посухи рад гирифтанд.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Дар бораи нафари нӯҳуми ба ҳабс гирифта Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ӯ ҳамларо маблағгузорӣ кардааст. Аммо шахсияту табаияти ӯро ошкор накард.

Нафари даҳум Ёқубҷон Юсуфзода, зодаи Тоҷикистон аст, ки 1-уми апрел бо гумони таъмини маблағгузории ҷиноят боздошт шуд. Он замон муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул “баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд”. Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест.

Нафари ёздаҳум маълум нест.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...