Муин “Тоҷик” барои муҳорибаи нав дар UFC ба Арабистони Саудӣ меравад

Қувваозмоӣ дар вазни сабуктарин байни размикори тоҷик Муин Ғафуров (18-6) ва намояндаи Корея Кюн Хо Канг (19-10) рӯзи 22 июн дар мусобиқаи UFC Saudi Arabia  баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти промоушен хабар медиҳад. Ғафурови 27-сола бори охир дар доираи мусобиқаи UFC 294 бо намояндаи Русия Саид Нурмагомедов рақобат карда, дар раунди аввал мағлуб […]

Қувваозмоӣ дар вазни сабуктарин байни размикори тоҷик Муин Ғафуров (18-6) ва намояндаи Корея Кюн Хо Канг (19-10) рӯзи 22 июн дар мусобиқаи UFC Saudi Arabia  баргузор мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти промоушен хабар медиҳад.

Ғафурови 27-сола бори охир дар доираи мусобиқаи UFC 294 бо намояндаи Русия Саид Нурмагомедов рақобат карда, дар раунди аввал мағлуб шуда буд. Ҳамагӣ ӯ 18 ғалаба ва 6 бохт дорад.

Канги 36-сола моҳи ноябри соли 2023 дар мусобиқаи UFC 295 бо қарори якдилонаи ҳакамон аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрд. Ӯ ҳамагӣ 19 ғалабаву 10 бохт дошта, як рақобаташро баргузорнашуда эътироф карданд.

Ҷолиб аст, ки моҳи июни соли 2023 дар рақобати аввали худ дар UFC дар мусобиқаи Vegas 74 Муин Ғафуров низ бо қарори якдилонаи ҳакамон аз Ҷон Кастанеде шикаст хӯрда буд.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими гузашта Муин сеюмин размикори тоҷик аз Тоҷикистон шуд, ки дар UFC бори аввал рақобат кард. Ҳанӯз соли 2021 Ғафуров талош карда буд, ки тариқи Силсилаи довталабии Дана Уайт ба UFC роҳ ёбад, лекин қувваозмоиро бо қарори ҷудогонаи доварон бохт.

“Муин Ғафуров кайҳо боз кӯшиш мекард, ки ба ин лига роҳ ёбад, хеле тӯлонӣ ва устуворона ба UFC роҳ мепаймуд, аммо ҳамеша чизе намерасид. Ӯ ҳамеша ба рақобат дар ин лига омода буд. "Тоҷик" размикори олист, ҳатто дар мусобиқаи интихобии Дана Уайт рақобат мекард, аммо дар он ҷо мағлуб шуд. Сипас ба мушоҳидаи UFC афтод. Ӯро мушоҳидаву рақобатҳояшро таҳлил мекарданд. Ба камарбанди LFA соҳиб шуд, ки онро метавон академияи UFC номид.

Аз ин рӯ, боварии комил буд, ки Муинро даъват мекунанд. Худи Ғафуров бошад, дар ИМА машқ мекард ва интизор буд, ки ӯро даъват кунанд. Вақт лозим буд", – гуфт дар суҳбат ба “Азия-Плюс” коршиноси тоҷик дар ММА Далер Латипов.

Илова мекунем, ки соли 2022 пас аз мағлубият дар мусобиқаи Дана Уайт Ғафуров бо ду ғалаба тариқи нокаут дар промоушени амрикоии LFA имконоти худро хеле хуб нишон дод.

То рақобатҳо дар Амрико Муин дар мусобиқаҳои ONE, Alash Pride ва ACB, инчунин қувваозмоиҳо дар TFC иштирок кардааст.

Агар дар АСВ танҳо 1 қувваозмоӣ гузаронда бошад, пас дар  ONE – 6 бор рақобат кардааст.

Ҳарифи нисбатан пурқувваташ Ҷон Линекер буд, ки қувваозмоӣ бо ӯ хеле пуршиддат сурат гирифт, лекин ҳамаи 3 нафар ҳакамон ғолибиятро ба амрикоӣ сазовор донистанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.