Бритониёҳо ба ронандагони тоҷик истифодаи тасмаи бехатариро меомӯзонанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо Ширкати  консалтингии EASST Expertise LTD-и Британия Кабир оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагон вобаста ба истифодаи  тасмаи бехатарӣ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт қарордод ба имзо расонид.

Таворе ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қарордод дар чаҳорчӯби марҳилаи чоруми лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (БРАМОМ-4)» имзо шудааст.

Қарордодоро аз ҷониби фармоишгар  вазири нақлиёти  ҶТ Азим Иброҳим ва аз ҷониби татбиқкунанда  директори Ширкати  консалтингии EASST Expertise LTD-и Британия Кабир Эмили Карр имзо  карданд.

Дар маросими ба имзо расонидани қарордод сардори шуъбаи ташвиқотиву тарғиботии Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Саидмуъмин Ҳасанзода, сардори Шуъбаи кор бо сармоягузории хориҷии Вазорати нақлиёти ҶТ Суҳроб Нурулло ва ҳамоҳангсози лоиҳаи «БРАМОМ-4»-и Гуруҳи татбиқи лоиҳаҳои назди Вазорати нақлиёт Усмон Сиддиқов ҳузур доштанд.

“Мақсад аз имзои қарордод тақвият бахшидани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ оид ба баланд бардоштани масъулияти ронандагони воситаҳои нақлиёт, истифодаи ҳатмии  тасмаи бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, ба роҳ мондани  маъракаи васеи иттилоотӣ оид ба зарурат ва афзалиятҳои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва дар маҷмуъ якҷоя татбиқ намудани ин воситаҳои ҳифзи ронандагону мусофирон мебошад”, – омадааст дар хабар.

Дар Вазорати нақлиёт зикр мекунанд, ки мутобиқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, дар ҳолати истифода набурдани тасмаи бехатарӣ тибқи қонунгузорӣ муҷозоти маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

“Вобаста ба ин аз ҷониби Раёсати БДА ВКД ҶТ Нақшаи чорабиниҳо таҳия  ва мавриди амал қарор дода шудааст, ки аз ҷумла, ташвиқу тарғиби истифодаи тасмаи бехатарӣ, пахши филм тавассути шабакаҳои телевизион дар ҳудуди 12 дақиқа дар бораи оқибатҳои вазнин ба бор овардани истифода набурдани тасмаи бехатарӣ, гузаронидани рейдҳои муштараки назорати иҷрои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва ғайраро дарбар мегирад”, – таъкид мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД ҷиҳати таъмин намудани назорати доимии истифодаи тасмаи бехатарӣ Гуруҳи алоҳида таъсис дода шудааст.

Ширкати машваратии EASST Expertise LTD тасмим гирифт, ки   5 апрел оид ба оғози корҳо дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур дар Тоҷикистон барои намояндагони вазорату  идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори кишварамон лоиҳаи мазкурро муаррифӣ менамояд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки тибқи қарордод, муҳлати иҷрои тадбирҳои машваратӣ 18 моҳро ташкил медиҳад.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ, маблағи ҷарима барои истифода набурдани тасмаи бехатарӣ ба 0,5 то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – аз 36 сомонӣ то 72 сомонӣ баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...