Рустам Ятимов дар рӯйхати гаронтарин бозингарони кишварҳои пасошӯравӣ

Портали Transfermarkt рӯйхати гаронтарин футболбозони ҳар кадоме аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро таҳия кард. Гаронтарин футболбози кишварҳои пасошӯравӣ бозингари тими “Наполи”-и Италия Хвичи Кваратсхелия арзёбӣ шудааст. Дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов низ бо арзиши 1,2 млн евро ба ин феҳрист шомил шудааст. Дар радабандӣ (рейтинг)-и гаронтарин бозингарони кишварҳои пасошӯравӣ ӯ зинаи 9-умро ишғол мекунад. Дар […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Портали Transfermarkt рӯйхати гаронтарин футболбозони ҳар кадоме аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)-ро таҳия кард. Гаронтарин футболбози кишварҳои пасошӯравӣ бозингари тими “Наполи”-и Италия Хвичи Кваратсхелия арзёбӣ шудааст.

Дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов низ бо арзиши 1,2 млн евро ба ин феҳрист шомил шудааст.

Дар радабандӣ (рейтинг)-и гаронтарин бозингарони кишварҳои пасошӯравӣ ӯ зинаи 9-умро ишғол мекунад.

Дар ин рӯйхат боз кадом футболбозони кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ зикр шудаанд?  

1. Гурҷистон: Хвича Кваратселия (80 млн евро, «Наполи»).

2. Украина: Александр Зинченко (42 млн евро, «Арсенал»).

3. Русия: Александр Головин (30 млн евро, «Монако»).

4. Арманистон: Эдуард Спертсян (18 млн евро, «Краснодар»).

5. Қазоқистон: Бахтиёр Зайнутдинов (6 млн евро, «Бешикташ»).

6. Молдова: Олег Рябчук (5 млн евро, «Спартак»), Ӯзбекистон: Аббосбек Файзуллоев (5 млн евро, ЦСКА).

7. Литва: Гвидас Гинейтис (2 млн евро, «Торино»);  Эстония: Карл Хейн (2 млн евро, «Арсенал» Лондон); Беларус: Илья Шкурин (2 млн евро, «Сталь»);  Озарбойҷон: Ренат Дадашов (2 млн евро, «Хатайспор»).

8. Латвия: Раймондс Кроллис (1,5 млн евро, «Вишков»).

9. Тоҷикистон: Рустам Ятимов (1,2 млн евро, «Истиқлол»).

10. Қирғизистон: Гулжигит Алиқулов (550 ҳазор евро, «Неман»).

11. Туркманистон: Руслан Мингазов (450 ҳазор евро, «Китчи»).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.