ВКД гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон дар Италия бо дархости онҳо боздошт шуд

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вокуниш ба боздошти Илҳом Сайраҳмонзода, шаҳрванди Тоҷикистон дар Италия бо гумони узвият дар гурӯҳи ифротии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ* гуфт, ӯ аз соли 2018 дар ҷустуҷӯи расмӣ буд ва бо дархости Тоҷикистон боздошт шуд.

Пулиси Италия рӯзи 8-уми апрел хабар дод, ки дар шаҳри Рум як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро бо гумони терроризм ва узвият ба гурӯҳи террористии ДОИШ боздошт кардаанд. Ин мард ҳангоми вуруд аз Эйндҳовени Ҳолланд дар фурудгоҳи Фюмичинои Рум боздошт шуд.

ВКД Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки Илҳом Сайраҳмонзода, шаҳрванди Тоҷикистон буда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва 32-сола аст.

“Номбурда аз ҷониби Бюрои Маркази миллии Интерполи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2018 барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ – террористӣ дошта дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дорад”, – омадааст дар иттилоияи ВКД.

Ин ниҳод гуфт, Сайраҳмонзода “зимни ҳамкориҳои муштараки ҷонибҳо дастгир карда шудааст”.

ВКД бе овардани шарҳи бештар гуфт, талош доранд Илҳом Сайраҳмонзода ба Тоҷикистон истирдод шавад. Мақомоти Италия ҳам гуфта буданд, ки масъалаи истирдоди ӯро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ доранд.

Ба иттилои хабаргузории “ANSA”, "Сайраҳмонзода аз соли 2014 узви фаъоли созмони террористии ДОИШ буда, бо истифода аз санадҳои қалбакӣ (тахаллуси гуногун ва санаи таваллуд) аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, худро зодаи Ӯзбакистон, Қирғизистон ё Украина вонамуд мекардааст".

Расонаҳо навиштаанд, ӯ ба қочоқи силоҳ дар Украина гунаҳкор шуда, дар моҳи июли соли 2023 дар Белгия низ боздошт гардид, вале зуд раҳо ёфт.

Бояд гуфт, ки баъди пайдоиши ДОИШ дар соли 2014 садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳи ифротгаро дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон пайвастанд. Теъдоде аз онҳо дар амалиётҳо иштирок кардаву кушта шуданд, теъдоде ба кишварҳои дигар фирор намуданд. Қисме ҳам боздошту ба Тоҷикистон оварда шуданд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...