Толибон гуфтанд, ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд

Толибон* изҳор доштанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ба қавли намояндагони ин гурӯҳ, боздоштшудагон дар Русия ба сафи ДОИШ* пайваста, тавассути Туркия ва Эрон ба Афғонистон ворид шуданд ва мехостаанд, ки бо ин роҳ ба сафи ДОИШ дар Покистон пайванданд. Навори эътирофи боздоштшудагонро пойгоҳи “Almirsad English” дар саҳифааш дар шабакаи Х (пештара Твиттер) нашр […]

Толибон* изҳор доштанд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ба қавли намояндагони ин гурӯҳ, боздоштшудагон дар Русия ба сафи ДОИШ* пайваста, тавассути Туркия ва Эрон ба Афғонистон ворид шуданд ва мехостаанд, ки бо ин роҳ ба сафи ДОИШ дар Покистон пайванданд.

Навори эътирофи боздоштшудагонро пойгоҳи “Almirsad English” дар саҳифааш дар шабакаи Х (пештара Твиттер) нашр кардааст ва гуфта мешавад, ки онҳо ҳоло дар боздоштгоҳи гурӯҳи Толибон қарор доранд.

Боздоштшудагон дар навор худро Аминҷон Файзови 21-сола, зодаи шаҳри Кӯлоб ва Давлатов Сироҷиддин Шамсовичи 21-сола, зодаи ноҳияи Восеъ муаррифӣ мекунанд.

Аминҷон Файзов мегӯяд, ки дар вилояти Владимирскии Русия ба сафи гурӯҳи ДОИШ даъват шудааст ва даъватгарон гуфтаанд, ки “аввал бояд ба Туркия, баъдан ба Эрон ва баъдан ба Афғонистон ҳиҷрат намоем”.

“Мо ҳам ҳиҷрат намуда, ба Афғонистон омадем. Ба мо хабар расид, ки бояд шумо ба шаҳри Кветтаи Покистон ҳиҷрат намоед, то дар он ҷо дарси шаръӣ ва ҳарбиро омӯзед ва баъд аз дарси шаръӣ ва ҳарбӣ мо плонҳои худро ба шумо иҷро менамоем”, – мегӯяд Файзов.

Ӯ меафзояд, ки ҳангоми хоки Афғонистонро тарк намудан, дар марзи Нимрӯз аз ҷониби мақомоти Толибон боздошт шудааст.

Ҳамин тавр, Сироҷиддин Давлатов ҳам гуфтаҳои Аминҷон Файзовро такрор карда, танҳо ҷузъиёти роҳи пайвастан ба сафи ДОИШ-ро ошкор мекунад.

Ӯ мегӯяд, ки тариқи телеграм ба ДОИШ пайваст шудааст ва бо фармондеҳони ин гурӯҳ ба алоқа мебаромадааст.

Маълум нест, ки ин ду гумонбар кай боздошт шудаанд, вале ба навиштаи манбаъ, онҳо ҳоло дар боздоштгоҳи Толибон қарор доранд.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар ин бора вокуниш накардаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 12 медал ба даст овард

Александра Кан ба дарёфти медали тиллои мусобиқа даст ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.