Cатҳи об дар обанбори Норак боло рафт: лимити барқ сабук шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи об дар обанбори Норак, ки кори натанҳо неругоҳи барқи обии ҳамномаш, балки боз 6 чунин неругоҳро дар поёноби маҷрои дарёи Вахш таъмин мекунад, тайи ду ҳафтаи ахир ба таври назаррас боло рафт.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, 15 апрел сатҳи об дар обанбори мазкур дар баландии 858.44 метр аз сатҳи баҳр қарор дошт, ки 80 сантиметр зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали моҳ (857,54 см) аст.

Қобили зикр аст, ки сатҳи ниҳоии пур кардани обанбори Норак ба 910 метр аз сатҳи баҳр баробар буда, ба истилоҳ нуқтаи ниҳоӣ, ки пас аз он тибқи регламентти техникӣ истифодаи оби обанбор қатъиян манъ мешавад, дар сатҳи 857 метр ҷойгир шудааст.

Энергетикҳо зикр мекунанд, ки ба болоравии сатҳи об дар обанбор тадриҷан болоравии ҳарорат тайи ҳафтаи ахир мусоидат кард.

Дарёфти маълумот дар бораи маҷро (ҷараён ё вуруд)-и об аз дарёи Вахш ҳоло муяссар нашуд. Ба аввали ҳамин моҳ (3 апрел) ин нишондиҳанда ҳамагӣ 295 метри мукааб дар як сонияро ташкил медод. Барои  пурра таъмин кардани кишвар бо бо барқ, маҷрои дарё бояд зиёда аз 500 метри мукааб дар як сонияро ташкил диҳад.

Неругоҳҳои асосии барқи обии Тоҷикистон дар дарёи Вахш сохта шудаанд. Неругоҳи “Норак”, ки то 70% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқро дар кишвар таъмин мекунад, бузургтарин миёни онҳост.

Мебояд гуфт, тайи ҳафтаи ахир таъмини истеъмолгарон бо барқ ба таври назаррас беҳтар шуда, ҳадди ақалл сокинони пойтахт дигар аз қатъи интиқоли он шикоят намекунанд. Ҳамчунин зимни суҳбат бо сокинони деҳот низ маълум шуд, ки таъминот бо барқ дар минтақаҳо ҳам беҳтар шудааст. Ҳозир онҳо дар як шабонарӯз 6-8 соат бо барқ таъмин карда мешаванд. Аввали моҳ ҳолатҳое мешуданд, ки тамоми шабонарӯз ба онҳо барқ дода намешуд.

Ёдрас мекунем, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони гузашта истеъмолгарони барқ бо маҳдудияти шадиди интиқоли он дучор шуданд, ҳарчанд намояндагони ширкати тақсимоти барқ ба ҳар гунае мавҷуд будани реҷаи маҳдуди истифода ё худ лимити онро инкор мекарданд.

Намояндагони бахши энергетикаи кишвар таъкид мекунанд, ки чунин вазъи душвори вобаста ба камбуди об барои истеҳсоли барқ тайи 10 соли ахир ба мушоҳида нарасидааст.

Реҷаи маҳдуд ё худ лимити интиқоли барқ ба деҳот, ки дар он 70%-и аҳолии кишвар зиндагӣ мекунад, аввали мавсими тирамоҳу зимистони гузашта – аз 20 сентябри соли гузашта оғоз шуд.

То батамом душвор шудани вазъият, охири зимистон аҳолӣ субҳ 3 соат ва шомгоҳон – 5-6 соат барқ мегирифтанд.

Охири моҳи феврал вазъият дар минтақаҳо боз душвортар шуда, баъзан истеъмолгарон шабонарӯзӣ бе барқ мемонданд. Илова бар ин, акнун интиқоли барқ ба сокинони шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахт низ маҳдуд мешуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...