Ба имтиҳонҳои муҳоҷирон дар Русия метавонад тағйирот ворид шавад

Asia-Plus

Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маориф ва илми Русия (Рособрнадзор) чунин мешуморад, ки ворид намудани баҳодиҳӣ ба нутқ (санҷиши нутқи шифоҳӣ) ба имтиҳон барои муҳоҷирони мувофиқи мақсад аст. Дар ин бора ба РБК дар хадамоти матбуоти Рособрнадзор хабар додаанд.

"Дар давраи будубош дар кишвари мо дар ҳолатҳои гуногун аксари муҳоҷирон бояд бо русҳо алоқаи шифоҳӣ дошта бошанд", – шарҳ додаанд дар хадамот.

Дар он ҷо ҳамчунин зикр кардаанд, ки “айни замон танҳо дар имтиҳони гирифтани иҷозатнома ба кор ё патент қисми шифоҳӣ вуҷуд надошта, барои сатҳҳои боқимонда бахши “Гуфтор” пешбинӣ шудааст”.

Дар Хадамот зикр кардаанд, ки барои ба имтиҳон барои муҳоҷирон дохил намудани бахши “Гуфтор” ба муқаррароти баргузории имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар тағйирот дохил кардан зарур аст.

Дар ин ҷо имкони бозбинии балли ҳадди ақалли имтиҳон барои хориҷиёнро, ки барои дарёфти ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ё шаҳрвандӣ зарур аст, аз эҳтимол дур надонистаанд.

Дар мусоҳиба ба РБК Наталя Трухановская, ректори Донишкадаи забони русии ба номи Пушкин пешниҳод намудааст, ки балли ҳадди ақалл аз 50 то 80 зиёд шуда, санҷиши нутқи шифоҳӣ ба имтиҳон дохил карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, донишкада оид ба баргардонидани сатҳи натиҷаи мусбат ба 80 балл аз 100 балли имконпазир аллакай пешниҳоди худро додааст.

Ӯ ҳамчунин ишора кардааст, ки бахши гуфтор аз имтиҳон барои муҳоҷирони корӣ соли 2021 хориҷ шуда буд. Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи намояндагони ин донишкада, гуфтугӯи зиндаи шифоҳӣ кафолати асосии он аст, ки муҳоҷири кории оянда метавонад амалҳои касбиро ба таври кофӣ иҷро кунад ва ба ҷомеа мутобиқ шавад.

“Ӯ бояд забони русиро донад ва ба дастурҳое, ки дар ҷои кор ба ӯ дода мешаванд, сарфаҳм рафта, ҳам дар муоширати касбӣ ва ҳам дар муҳити хонавода ва ҷомеа фикрҳои худро баён карда тавонад”, – мутмаин аст Трухановская.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...