Президенти Ӯзбекистон имрӯз ба Душанбе меояд

Президенти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари давлатии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ ах хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод, маросими истиқболи расмии сарвари давлати Ӯзбекистон соати 10-и субҳ дар “Қасри миллат” оғоз мегардад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо ҳамтои тоҷики худ […]

Asia-Plus

Президенти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз бо сафари давлатии дурӯза ба Душанбе ташриф меорад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ ах хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод, маросими истиқболи расмии сарвари давлати Ӯзбекистон соати 10-и субҳ дар “Қасри миллат” оғоз мегардад.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин сафар ӯ бо ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин таҳкими равобити дӯстонаи ду кишварро баррасӣ кунанд.

Ҳангоми ҳаракати қатораи автомашинаҳои ҳукумат эҳтимол дар баъзе роҳҳои ташрифотии пойтахт ҳаракати нақлиёт муваққатан манъ карда шавад. Дар бораи муваққатан баста шудани роҳҳо ва вақти он БДА ҳоло расман хабар надодааст.

Пас аз ин маросими имзои як қатор санадҳо дар бораи ҳамкорӣ байни вазорату идораҳои дахлдори ҳар ду кишвар дар назар аст.

Дар доираи ин сафар дар кинотеатри “Ватан”-и пойтахт “Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон" ҷараён доранд. Воридшавӣ ба тамошои филмҳо бепул аст.

Ҳамчунин “Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон” низ гузашта истодаанд, аз ҷумла дар боғи “Куруши Кабир” намоишгоҳи дурӯзаи имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвари ҳамсоя баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио