Дар Душанбе «Нуқтаи сайёри милитсия» ба кор оғоз кард

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 апрел нуқтаи қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 20-уми апрел тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи «Нуқтаи сайёри милитсия» дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино, дар назди бозори «Фаровон», ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҳузур доранд, қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гузаронида шуд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти милитсия зимни мулоқот бо шаҳрвандон пешниҳод ва дархосту шикоятҳои беш аз 40-нафарро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.

Шаҳрвандон низ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудни фаъолияти милитсия пешниҳодҳои муфид намуданд.

“Аз шаҳрвандон низ даъват карда шуд, ки бо мақсади ошкору пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб, қонуншиканӣ ва таъмини тартиботу волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар пешрафту тараққиёт ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми арзишманди худро гузоранд”, – зикр мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, нуқтаҳои сайёр фаъолиятро дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар амал ҷорӣ намудани Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия оғоз намуданд.

“Дар доираи ин иқдом бевосита кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба назди шаҳрвандон рафта, дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳо ҳуқуқӣ медиҳанд”, – омадааст дар хабар.

Дар бораи доимӣ ё дар кадом давраҳо кор кардани чунин нуқтаҳо дар хабари Раёсат маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...