Дар Душанбе «Нуқтаи сайёри милитсия» ба кор оғоз кард

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 апрел нуқтаи қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 20-уми апрел тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи «Нуқтаи сайёри милитсия» дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино, дар назди бозори «Фаровон», ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҳузур доранд, қабули сайёри муроҷиат ва […]

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 апрел нуқтаи қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, рӯзи 20-уми апрел тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи «Нуқтаи сайёри милитсия» дар кӯчаи Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино, дар назди бозори «Фаровон», ки шумораи зиёди шаҳрвандон ҳузур доранд, қабули сайёри муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон гузаронида шуд.

Ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти милитсия зимни мулоқот бо шаҳрвандон пешниҳод ва дархосту шикоятҳои беш аз 40-нафарро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.

Шаҳрвандон низ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудни фаъолияти милитсия пешниҳодҳои муфид намуданд.

“Аз шаҳрвандон низ даъват карда шуд, ки бо мақсади ошкору пешгирии ҳама гуна амалу кирдорҳои номатлуб, қонуншиканӣ ва таъмини тартиботу волоияти қонун бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ намуда, дар пешрафту тараққиёт ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд саҳми арзишманди худро гузоранд”, – зикр мешавад дар хабари Раёсат.

Гуфта мешавад, нуқтаҳои сайёр фаъолиятро дар доираи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар амал ҷорӣ намудани Барнома ва Стратегияи ислоҳоти милитсия оғоз намуданд.

“Дар доираи ин иқдом бевосита кормандони мақомоти милитсияи пойтахт ба назди шаҳрвандон рафта, дар якҷоягӣ бо Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандонро қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳо ҳуқуқӣ медиҳанд”, – омадааст дар хабар.

Дар бораи доимӣ ё дар кадом давраҳо кор кардани чунин нуқтаҳо дар хабари Раёсат маълумот дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.