“Иқдоми носанҷида”. Хадамоти алоқа аз ширкатҳои мобилӣ хост, нархи тарофаҳоро дубора боло набаранд

Asia-Plus

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тасмими боло бурдани нархи тарофаҳои мобилиро аз сӯи бархе аз ширкатҳои мобилии кишвар дар чанд рӯзи охир “ғайримақсаднок” хонда, аз тамоми операторони мобилии кишвар даъват кард, ки “ба ҳар гуна иқдоми носанҷида, ҳангомабарангез ва беэътиборкунада даст назананд”.

Давоми чанд рӯзи охир, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ доранд, ки чанде аз ширкатҳои мухобиротӣ нархи тарофаҳои хидмарасонии худ, аз ҷумла, арзиши интернетро якбора боло бурданд ва ин иқдом ба ҷайби онҳо таъсир мерасонад.

Дар пайи ин, Хадамоти алоқа бо нашри як изҳорот, баъди зуҳри имрӯз, 22-юми апрел, дубора боло бурдани арзиши тарофаҳои мобилиро аз сӯи ширкатҳои мобилӣ тасдиқ карда, ин иқдомро “носанҷида” унвон кард ва гуфт, “ин тасмим ба раванди беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиши онҳо халал ворид намуда, ба вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолии кишвар таъсири манфӣ мерасонад”.

“Бинобар ин Хадамоти алоқа ба мавқеи қаблан изҳоршудаи худ таъкиди ҷиддӣ намуда, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои муштариён ин иқдомро ғайримақсаднок меҳисобад ва дар доираи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми операторони алоқаи мобилӣ даъват мекунад, ки ба ҳар гуна иқдоми носанҷида, ҳангомабарангез ва беэътиборкунада даст назананд”, – омадааст дар изҳорот.

Хадамоти алоқа аз  ниҳодҳои дахлдори масъул хоҳиш кардааст, ки ин гуна тасмимҳоро мувофиқи хоҳиш ва ниёзҳои иқтисодии ҷомеа баҳо диҳанд, “зеро ин иқдом бо ҳадафҳои раҳбарияти олии кишвар ҷиҳати паст намудани арзиши хизматрасониҳои мобилӣ ва баланди бурдани сифати алоқаи барқӣ дар мухолифат қарор дорад”.

Ин ниҳод гуфтааст, ки талоши баланд бардоштани арзиши тарофаҳои хизматрсониҳои алоқаи мобилӣ барои гузариш ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ монеа эҷод мекунад.

Хадамоти алоқа ваъда додааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ва поин овардани арзиш ва нархи хидматрасониҳои алоқаи мобилӣ кӯшиш мекунад.

Давоми 4 моҳи охир ин дуввумин изҳороти Хадамоти алоқа дар робита ба кӯшиши боло бурдани тарифҳо аз сӯи операторони мобилӣ дар Тоҷикистон аст.

Моҳи январи соли равон низ дар пайи шикояти аҳолӣ аз боло бурдани тарофаҳои мобилӣ аз сӯи ширкатҳои мухобиротӣ ин ниҳод аз онҳо даъват кард, ки ин иқдоми худро бекор кунанд.

Ин ниҳод, тасмими ширкатҳоро ғайримақсаднок ва хилофи “ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти поин бурдани нарх ба хидматрасониҳои алоқа ва беҳбуди сифати он” унвон карда буд.

Бояд зикр кард, ки мушкили интернет дар Тоҷикистон чандин сол аст, ки мавриди баҳс аст. Таъкиди раиси ҷумҳури кишвар зимни паём ба парлумон дар соли гузашта ва интиқодаш аз суръату сифати интернет ин баҳсро тамоми сол гарм нигоҳ дошт.

Баъди танқиди Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба сатҳу сифати интернет ва нархи он, Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани сифати интернет ва поин кардани нархи он комиссияи давлаӣ таъсис дода, чандин маротиба ҷаласаҳо ҳам гузаронида буд.

Зимнан, охири соли гузашта Хадамоти алоқа ба ширкатҳои Tcell ва Мегафон Тоҷикистон (ҶСП “ТТ Мобайл” ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон”) расман иҷоза дод, ки ба кишвар хатти интернет ворид кунанд. Вале тавре дида мешавад, интернет ва нархи он дар кишвар ба таври назаррас беҳтар нашудааст ва сокинони кишвар то ҳол аз ин мушкил шикоят доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...