“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд

Asia-Plus

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд, шикоят карданд, ки се рӯз боз дар гузаргоҳи “Саргарчин”, дар сарҳади вилояти Урали ҷанубии Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондаанд. Маъмурони гузаргоҳи марзии Русия ба онҳо гуфтаанд, “система вайрон аст”, аммо кӯдакону пиронсолон ва шаҳрвандони дигар кишварҳоро иҷозаи вуруд додаанд.

 

“Танҳо тоҷиконро намемонанд”

Дастикам се муҳоҷири тоҷик бо ирсоли навор ва паёми савтӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз рӯзи 22-юми апрели соли равон ҳудуди 180 мошини ҳомили муҳоҷирони тоҷик, ки миёни онҳо занону кӯдакон зиёданд, дар ин минтақа дармондаанд ва маъмурони рус намегузоранд онҳо вориди Русия шаванд.

“Ҳудуди 1000 тоҷикро намегузоранд, ки ба Русия дароянд. Мо дар байни Қазоқистон ва Русия дармондаем. Дигар миллатҳоро мемонанд, танҳо тоҷикҳоро намегузоранд. Ҳудуди 180 мошин, аксарашон бо рақамҳои давлатии Тоҷикистон. Дар ҳар як мошин аз 5 то 10-12 мусофир ҳаст, ки аксарашон занону кӯдаконанд”, – гуфт яке аз муҳоҷирон, ки ба “Азия-Плюс” навори мошинҳои дармондаро ирсол кард.

 

Тафтишу бозпурсӣ ва кофтукови телефон

Маъмурони рус ҳар як тоҷикро дар алоҳидагӣ ва мӯшикофона тафтишу бозпурсӣ карда, телефонҳояшонро кофтуков менамоянд.

“Аз маъмурони сарҳад мепурсем, ки чаро моро намемонед, мегӯянд, система кор намекунад. Пурсидем, ки система танҳо барои тоҷикон кор намекунад? Гуфтанд, кори ту набошад, равед интизор шавед”, – гуфт яке аз муҳоҷирони дармондаи тоҷик.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, маъмурони гузаргоҳ ба онҳо гуфтаанд, кӯдакони то 14-сола ва шахсони аз 60-сола боло метавонанд бенавбат вориди Русия шаванд, дигарон бояд дар навбат истанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар як шабонарӯз танҳо 10-12 мошинро баъди бозпурсӣ ва тафтиши мӯшикофона ба Русия роҳ доданд ва ҳамин тариқ, давоми ду шабонарӯз 20 мошин иҷозати ба хоки Русия даромаданро дарёфт кардааст.

“Чангу хок, бе обу нон мардум ҳаминҷо шиштаанд. Се қатор мошин аст”, – гуфт ин муҳоҷири тоҷик.

Як муҳоҷири дигар бо ирсоли навор гуфт, ки ба афроди дармонда хайрхоҳон обу хӯрок оварданд.

 

“То фармон аз дохил нашавад, намемонем”

Яке аз дигар муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои тамдиди ҳуҷҷатҳояш марзи Қазоқистонро убур кардааст, бо исроли паёми савтӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, намегузоранд ӯ дубора ба Русия ворид шавад.

Ӯро алоҳида нигоҳ дошта, гуфтаанд, “то аз дохил (дохили Русия дар назар аст, – муаллиф) фармон нашавад, шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷозаи вуруд намедиҳем”.

“Аз Ӯзбекистон ё Қирғизистон ё миллати дигар бошӣ, иҷозат медиҳанд гузарӣ, вале тоҷиконро намегузоранд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар WhatsApp хабарҳои савтие паҳн мешавад, ки гӯё сарҳади Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон то моҳи июл бо сабаҳои номаълум пурра бастааст. Сарчашмаи хабари паҳншуда маълум нест, аммо мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар мавриди бастани сарҳад хабари расмӣ нашр накардаанд.

 

Таъсири ҳодисаи “Крокус” ва хомӯшии мақомоти ду кишвар

Русия то ҳол сабаби маҳдудияти шадидро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гузаргоҳи сарҳадӣ шарҳ надодааст. Вале бархе муҳоҷирони тоҷик тахмин мекунанд, ки сабаби роҳ надодани тоҷикон ба хоки Русия эҳтимол ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав аст, ки дар пайи он 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт ва ба ҳабс гирифт шуданд.

То замони нашри ин мавод ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, мавқеи ҷониби Русия, аз ҷумла сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Русияро дар ин масъала дастрас кунад.

Бархе аз муҳоҷирони тоҷики дармонда бо исроли паёми савтӣ гуфтанд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русияро аз ҳоли худ огоҳ карданд ва онҳо ваъда доданд, ки кӯмак мекунанд. Вале маълум нест, ки айни ҳол вазъ то чӣ андоза тағйир ёфтааст.

Русия, ки яке аз кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” назорат болои муҳоҷирони кории тоҷикро сахттар кард ва бархурдашро тағйир дод. Пас аз ин ҳодиса, санҷишу таъқиби муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфт.

Бояд гуфт, аксари тоҷикон мустақим, яъне тавассути ҳавопаймо ба Русия сафар мекунанд, аммо теъдоде ба хотири арзонии сафар, тариқи қатора ё мошини худ мераванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...