Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд, ки 1250,7 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Ҳиссаи ин навъи маҳсулот дар ҳаҷми умумиимаҳсулоти содиротии кишвар 48,5%-ро ташкил додааст. Дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи […]

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд, ки 1250,7 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи ин навъи маҳсулот дар ҳаҷми умумиимаҳсулоти содиротии кишвар 48,5%-ро ташкил додааст.

Дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 614 млн доллар молу маҳсулот содир кардааст.

Кишвари асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария дониста мешавад, ки ба он ҳудуди 48,6%-и содирот рост меояд. Ба гумони ғолиб, ин ба содироти фулузот ва сангҳои қиматбаҳо ба ин кишвар вобастагӣ дорад.

Манбаъҳо дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки содироти фулузоти қиматбаҳо, асосан тиллои монетарӣ, вақте зиёд мегардад, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба таври назаррас кам мешавад.

Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон корӣ ба намояндагони васоити ахбори умум дастрас нест.

Тиллои монетарӣ – тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Робита байни фурӯши тилло ва интиқоли маблағ камбуди асъор барои воридоти молу маҳсулот маънидод мешавад.

Гап сари он аст, ки аз ҳисоби даромад аз содирот танҳо ҳудуди сеяки асъори зарурӣ барои воридоти молу маҳсулот рӯйпӯш карда мешавад.

Ҳаҷми умумии воридот дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,5 млрд долларро ташкил додааст, ки  қариб 2,5 баробар зиёдтар аз ҳаҷми содироти кишвар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.