“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод

Дар минтақаи сайёҳии Саратоғи ноҳияи Айнӣ бемории сироятии “тоун” танҳо дар солҳои аввали асри гузашта ба қайд гирифта шуда, пас аз он ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст ва ин боиси нигаронӣ нест. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. Хабари эҳтимоли хуруҷи бемории хавфноки “тоун” дар Саратоғ […]

Дар минтақаи сайёҳии Саратоғи ноҳияи Айнӣ бемории сироятии “тоун” танҳо дар солҳои аввали асри гузашта ба қайд гирифта шуда, пас аз он ягон ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт нашудааст ва ин боиси нигаронӣ нест. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Хабари эҳтимоли хуруҷи бемории хавфноки “тоун” дар Саратоғ ва ҳушдор аз сафари сайёҳон ба ин минтақа ду рӯз пеш, 23-юми апрел, баъди расонаӣ шудани мактуби Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ширкатҳои сайёҳии кишвар, паҳн гардид.

Дар мактуб зикр мегардид, ки дар аввали асри гузашта дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бемории ниҳоят хавфноки “тоун” ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 250 аҳолии минтақаи мазкур фавтидаанд ва тибқи хулосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим ин беморӣ метавонад аз манбаъҳои нуҳуфтаи сироят кушода шуда, дар натиҷа сайёҳони дохилию хориҷӣ сироят ёбанд.

Баъди расонаи шудани ин хабар, Кумитаи рушди сайёҳӣ вокуниш нашр карда, навиштааст, дар минтақаи Саратоғ ҳамасола дар давраҳои гуногун аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинӣ” якҷо бо мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотии зиддитоунии Русия корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида мешаванд ва айни ҳол тибқи натиҷаҳои тадқиқоти ин муассисаҳо хатари паҳншавии бемории “тоун” вуҷуд надорад.

Зикр мегардад, ки ин бемории сироятӣ таҳти назорати доимии мутахассисон ва мақомоти тиб қарор дорад.

“Аммо новобаста аз ин, бо назардошти тағирёбии иқлим, эҳтимолияти сироят дар минтақаҳои хафнок зиёд мегардад, ки андешидани тадбирҳои стандартии бехатариро аз ҷониби ширкатҳо тақозо мекунад”, – гуфта мешавад дар вокуниши Кумита.

 

Тавсияҳо барои пешгирӣ аз сироятёбии эҳтимолӣ

Кумитаи рушди сайёҳӣ дар вокуниши худ барои аҳолӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва сайёҳон чанд тавсия ҳам додааст.

Аз ҷумла, ҷиҳати пешгирии пайдоиш, паҳншавӣ ва эҳтимолӣ сироят аз сайёҳони дохилию хориҷӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи хизматрасонӣ даъват карда шудааст, ки ҳангоми ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ ба минтақаи Саратоғ қоидаҳои бехатариро пурра риоя намоянд.

Ҳангоми сайёҳат пешниҳод мешавад, ки макони шабистро дар назди маҳаллаҳои зисти аҳолӣ дар ин минтақа интихоб намоянд.

Ҳангоми пиёдагардӣ ба хотири ҳимоя аз ҳашароти газанда ва аз маводҳои ҳашаротгурезон (репелент) истифода бурда, ба сару либоси худ (бояд муҳофизаткунанда бошад) аҳамияти хосса диҳанд.

Таъкид мегардад, ки пиёдагардӣ (треккинг), мошингардӣ ва тамошои Саратоғ ва кӯҳистони Фон бо назардошти риояи қоидаҳои эҳтиётӣ хавф надорад.

Махсус зикр мешавад, ки ин пешгирӣ танҳо ба минтақаи Саратоғ дахл дошта, дар дигар мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Айни, бахусус мавзеъи сайёҳии Искандаркӯл ва кӯҳҳои Фон дахл надорад.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти дастрасшуда, бемории тоун, ки аз хояндаҳо, ба мисли мушу калламуш ва ё суғур метавонад ба инсон гузарад, дар сурати таъхир дар муолиҷа инсонро зуд мекушад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.