“Эҳтимоли хуруҷи беморӣ зиёд аст”. Кумитаи рушди сайёҳӣ аз ширкатҳои сайёҳӣ хост, ҷаҳонгардонро ба Саратоғ набаранд

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостааст, сайёҳони хориҷиву дохилиро ба минтақаи кӯҳистонии Саратоғи ноҳияи Айнӣ набаранд, зеро дар он ҷо эҳтимоли хуруҷи бемории хатарноки “тоун” ва сироятёбӣ ба он зиёд аст. Ин дархости худро Кумитаи рушди сайёҳӣ 28-уми марти соли ҷорӣ, дар асоси хулосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо […]

Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон аз ширкатҳои сайёҳӣ хостааст, сайёҳони хориҷиву дохилиро ба минтақаи кӯҳистонии Саратоғи ноҳияи Айнӣ набаранд, зеро дар он ҷо эҳтимоли хуруҷи бемории хатарноки “тоун” ва сироятёбӣ ба он зиёд аст.

Ин дархости худро Кумитаи рушди сайёҳӣ 28-уми марти соли ҷорӣ, дар асоси хулосаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва бо ирсоли як нома ба ширкатҳои сайёҳӣ, ки нусхаи он дастраси “Азия-Плюс” шуд, ироа кардааст.

Дар он нома зикр мешавад, ки “дар аввали асри гузашта дар минтақаи Саратоғи ноҳияи Айнии вилояти Суғд бемории ниҳоят хавфноки “тоун” ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 250 аҳолии минтақаи мазкур фавтидаанд”.

“Тибқи хулосаи вазорат бо назардошти тағйирёбии иқлим бемории ниҳоят хавфноки “тоун” метавонад аз манбаъҳои нуҳуфтаи сироят кушода шуда, дар натиҷа сайёҳони дохилию хориҷӣ сироят ёбанд”, – гуфта мешавад дар мактуби Кумита.

Бояд гуфт, ки тибқи маълумоти дастрасшуда, бемории тоун, ки аз хояндаҳо, ба мисли мушу калламуш ва ё суғур метавонад ба инсон гузарад, дар сурати таъхир дар муолиҷа инсонро зуд мекушад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.