Тавофуқи Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба гузариши транзитии мошинҳои боркаш бе рухсатнома

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрел Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 имзо карда шуд. Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат […]

Asia-Plus

Дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон рӯзҳои 18-19 апрел Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ аз 9 марти соли 2018 имзо карда шуд.

Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, мувофиқи Протоколи имзошуда, гузариши транзитии воситаҳои нақлиёти боркаш тавассути қаламрави ҳарду давлат бе рухсатнома амалӣ карда хоҳад шуд.

“Низоми нав баъди тасвиби (ратификатсияи) Протокол аз ҷониби ҳарду давлат  мавриди амал қарор мегирад”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байналмилалии автомобилӣ, ки низ дар Душанбе дар ҷараёни нахустин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон 9 марти соли 2018 ба имзо расида буд, ҳангоми интиқоли мунтазам ва ғайримунтазами мусофирон ва борҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла тавассути транзит аз қаламрави онҳо,  рухсатнома талаб карда мешуд.

“Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлат дода мешавад ва он ба истифодаи воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки дар қаламрави давлати дигар ба қайд гирифта шудааст, барои иҷрои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ҳуқуқ медиҳад”, – шарҳ медиҳад Вазорат.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан, дар натиҷаи густариши ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳамасола тавассути қаламрави ду кишвар беш аз 1200 боркашонии транзитӣ амалӣ карда мешавад.

“Айни замон, ҳамлу нақли бор миёни Тоҷикистон, баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, аз ҷумла бо транзит тавассути қаламрави онҳо бидуни  рухсатнома амалӣ карда мешавад, ки ин имкон медиҳад вақти интиқол ва хатари осебёбии борҳо хеле коҳиш ёбад”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

“Ин тадбирҳо аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ноил шудан ба ҳадафи стратегӣ – табдил додани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитии минтақа андешида мешаванд”, – зикр мекунанд дар Вазорат.

Аввали моҳи феврал дар гузаргоҳи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ дар марз бо Ӯзбекистон даҳҳо “фура” (мошинҳои боркаши бузургҳаҷм) банд монда буданд. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар шарҳи он изҳор дошта буд, ки сабаби асосӣ ба анҷом расидани муҳлати рухсатномаҳое, ки ронандагони тоҷик барои убури марз дастрас мекунанд.

Ӯ зикр карда буд, ки ин мушкил одатан охири моҳи январ сар мезанад, вақте ки муҳлати рухсатномаҳо ба охир мерасаду ҷониби Ӯзбекистон рухсатномаҳои навро ирсол мекунад.

“Баъди қабули рухсатномаҳо аз ҷониби Ӯзбекистон Вазорати нақлиёт ҳуҷҷатҳоро аз расмиёти дохилӣ мегузаронад ва ба ҷамъиятҳои боркашонӣ барои фурӯхтан ба ронандагон медиҳад”, – изҳор дошта буд вазири нақлиёт.

Қобили зикр аст, ки мошинҳои боркаши бузургҳаҷм аз Тоҷикистон тавассути 13 гузаргоҳи назоратӣ ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуда метавонанд. Гузаргоҳи “Фотеҳобод-Ойбек” дар ноҳияи Мастчоҳ яке аз гузаргоҳҳои асосӣ байни кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.