Нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шуд. “Облава” аз байн рафт?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар 1 моҳ дар тамоми кишвар 70 дарсад иҷро шудааст, хабар дод Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандон аз то ҳол аз сарбозшикор ё “облава” хабар медиҳанд ва коршиносон мегӯянд, роҳҳои ғайриқонунии даъват ба хидмат пас аз 15-уми май, замоне, ки вақти кам мондаву иҷрои нақша мушкил мешавад, бештар истифода мегардад.

Вазорати мудофиа менависад, дар манотиқи кишвар нақшаи даъват ба таври зайл иҷро шудааст:

– шаҳри Душанбе 51 дарсад;

– вилояти Суғд 55 дарсад;

– вилояти Хатлон  86 дарсад;

– шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 74 дарсад;

– ВМКБ 100 дарсад.

Ин ниҳод гуфтааст, ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар “азм доранд, ки ин чорабинии муҳими сиёсиро бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонанд”.

"Баъди 15-уми май шикотяҳо бештар мешавад"

Дар ҳамин ҳол, Дилрабо Самадова, роҳбари ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвадӣ”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон машғул аст, гуфт, ҳарчанд шикоятҳо аз шеваи ғайриқонунии давъат бар артиш дар як моҳи охир буд, вале нисбат ба соли гузашта камтар шудааст.

Вале афзуд, аз рӯи таҷрибаи солҳои пешин асосан шаҳрвандон баъди 15-уми май, яъне вақте муҳлат камтар боқӣ монду нақша пурра иҷро нашуд, роҳҳои ғайриқонунӣ бештар истифода мешаванд ва шаҳрвандон ба ин ташкилот муроҷиат менамоянд.

“Барои маслиҳат ва роҳнамоӣ ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ ва мавзуҳои вобаста ба он муроҷиатҳо зиёд буд. Агар нақшаи даъвати ҳарбӣ 70 дарсад иҷро шуда бошад, хурсандиовар аст. Вале агар ин рақам воқеият надошта бошад, пас аз ин роҳҳои ғайриқонунӣ бештар истифода бурда мешавад ва ба мо ҳам бештар шикоят меояд”, – гуфт Дилрабо Самадова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” рӯзи 1-уми май.

Қаблан низ ин ҳомии ҳуқуқи сарбозони тоҷик дар “Фейсбук” навишта буд, ки “чанд муроҷиат дар бораи “облава” гирифтем…”.

Гуфтан ба маврид аст, ки мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Чанд соли охир дар ҷараёни маъракаи даъват аз “шева”-ҳои нав истифода мешавад. Аз “гаравгонгирии волидайн” то буридани хати барқи аҳолӣ ва бастани дари масҷидҳо.

Ғайр аз ин, имсол дар Душанбе шеваи нави “сарбозшикор”-ро пеш гирифтаанд: чанде аз ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронӣ карданд, ки онҳоро дар гӯшаҳои гуногуни пойтахт иҷборан ба маршруткаи берақам бор карда, дар бораи хидмати ҳарбӣ кардан ва ё накарданашон пурсон мешаванд.

Мақомоти масъули кишвар пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Бояд гуфт, дар Тоҷикистон дар ду навбат – баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 1-уми апрел даъвати шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Тоҷикистон ба хидмати ҳарбӣ оғоз шуд ва он то 31-уми май идома меёбад.

Ҳамчунин, дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед: “Квота барои хидмати ҳарбии пулакӣ чӣ гуна ҷудо мешавад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?”

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...