Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд

Asia-Plus

Раис (губернатор)-и вилояти Курск Роман Старовойт изҳор доштааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд ба сифати ронандаи таксӣ кор кунанд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

“Дар бораи манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ дар вилояти Курск қарор имзо кардам. Хотиррасон мекунам, ки пеш аз ин ман миёни сокинони минтақа назарсанҷӣ гузаронидам. Беш аз 42 ҳазор нафар овоз дода, манъро 82% ҷонибдорӣ карданд. Дар соҳаҳои дигар вазъиятро таҳлил мекунем, лекин муҳоҷирон дар вилояти Кусрк чандон зиёд нестанд”, – гуфтааст ӯ дар телеграм-канали худ рӯзи панҷшанбе.

Дар ҳамин ҳол, Старовойт зикр кардааст, ки “ҳар кас имкон дорад, ки бо тартиби дар қонун муқарраршуда шаҳрвандии Русияро гирад ва ба кор дар ҳама гуна соҳаи фаъолият идома диҳад”.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар Telegram-канали худ доир ба маҳдуд намудани кори муҳоҷирон дар таксиҳо назарсанҷӣ гузаронид: 82% онро ҷонибдорӣ намуда, 18% – мухолиф овоз доданд.

Пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав, ки тибқи фарзияи расмӣ дар он шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд, рӯҳияи бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия шадидтар шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои гуногун макони зист ва кори шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиш қарор дода, дар сарҳадҳо санҷиши мӯшикофона ва ба таври интихобӣ иҷоза додани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия оғоз шуд.

Дар зиёда аз 10 минтақаи Русия барои кори муҳоҷирон маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд: ба онҳо кор дар 35 соҳаи фаъолияти иқтисодӣ манъ шуд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...