Дар вилояти Курск кор дар таксиро барои муҳоҷирон манъ карданд

Раис (губернатор)-и вилояти Курск Роман Старовойт изҳор доштааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд ба сифати ронандаи таксӣ кор кунанд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад. “Дар бораи манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ дар вилояти Курск қарор имзо кардам. Хотиррасон мекунам, ки пеш аз ин ман миёни сокинони минтақа назарсанҷӣ гузаронидам. Беш аз 42 ҳазор нафар овоз […]

Раис (губернатор)-и вилояти Курск Роман Старовойт изҳор доштааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд ба сифати ронандаи таксӣ кор кунанд. Дар ин бора “Интерфакс” хабар медиҳад.

“Дар бораи манъи кори муҳоҷирон дар таксӣ дар вилояти Курск қарор имзо кардам. Хотиррасон мекунам, ки пеш аз ин ман миёни сокинони минтақа назарсанҷӣ гузаронидам. Беш аз 42 ҳазор нафар овоз дода, манъро 82% ҷонибдорӣ карданд. Дар соҳаҳои дигар вазъиятро таҳлил мекунем, лекин муҳоҷирон дар вилояти Кусрк чандон зиёд нестанд”, – гуфтааст ӯ дар телеграм-канали худ рӯзи панҷшанбе.

Дар ҳамин ҳол, Старовойт зикр кардааст, ки “ҳар кас имкон дорад, ки бо тартиби дар қонун муқарраршуда шаҳрвандии Русияро гирад ва ба кор дар ҳама гуна соҳаи фаъолият идома диҳад”.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25 апрел раиси вилоят дар Telegram-канали худ доир ба маҳдуд намудани кори муҳоҷирон дар таксиҳо назарсанҷӣ гузаронид: 82% онро ҷонибдорӣ намуда, 18% – мухолиф овоз доданд.

Пас аз амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” дар вилояти Маскав, ки тибқи фарзияи расмӣ дар он шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштанд, рӯҳияи бегонаситезӣ нисбат ба муҳоҷирон дар Русия шадидтар шуд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои гуногун макони зист ва кори шаҳрвандони хориҷиро мавриди санҷиш қарор дода, дар сарҳадҳо санҷиши мӯшикофона ва ба таври интихобӣ иҷоза додани вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Русия оғоз шуд.

Дар зиёда аз 10 минтақаи Русия барои кори муҳоҷирон маҳдудиятҳо ҷорӣ шуд: ба онҳо кор дар 35 соҳаи фаъолияти иқтисодӣ манъ шуд. Маълумоти муфассал дар ин бора дар маводи зерини мо қобили дарёфт аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.