Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Владимир Путин, президенти Русия масъалаи муҳоҷирати меҳнатиро мавриди баррасӣ қарор дода, ба мувофиқа расидаанд, ки “ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор” диҳанд. Дар ин бора Хадамиоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш баъди як ҳафтаи фишори мақомоти рус болои шаҳрвандони Тоҷикистон ва нигарониву супоридани нотаи эътирозӣ ба сафири ин кишвар дар Тоҷикитсон дар пайи банд мондану ихроҷи садҳо муҳоҷир аз фурудгоҳҳои Русия сурат гирифт.

“Дар ин замина масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати корӣ ба таври муфассал муҳокима гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба идораҳои соҳавии ҷонибҳо оид ба бештар фаъол гардонидани кор дар ин самт дастурҳои дахлдор дода шаванд”, – навиштааст Хадамоти матбуотии президенти кишгвар.

Манбаъ менависад, ки Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро барои ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ ва чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи Ғалаба, ки дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд, даъват кардааст.

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ширкат мекунад ё не.

Хадамоти матбуотии президент гуфтааст, “дар рафти суҳбати раисони ду кишвар масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия мавриди баррасӣ қарор гирифт”.

Роҳбарони ду давлат, ҳамчунин, ҳамоҳангии наздики сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро ҷиҳати мубориза бо терроризм, экстремизм ва зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳамзамон муҳим будани тақвияти минбаъдаи ҳамкории онҳоро таъкид карданд.

Ба иттилои ҷониби тоҷикистон президентони ду кишвра инчунин,  оид ба масоили алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом дода, ҷадвали мулоқотҳои наздики дуҷонибаро ҳамоҳанг намуданд.

Ёдовар мешавем, ки давоми як ҳафтаи охир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зиёд шуд. Барои вуруди тоҷикон ба ҳудуди Русия монеаҳои зиёд эҷод гардид. Ба садҳо шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳои Русия иҷозаи вуруд надоданд ва онҳоро бозпас ба ватан фиристоданд. Аз ҷумла тибқи иттилои ВКХ Тоҷикистон  дар 4 рӯз танҳо дар фурудгоҳи "Внуково" беш аз 650 муҳоҷири тоҷикро "депорт" карданд.

Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русияро даъват ва нигаронии шадиди худро баён дошту нотаи эътирозӣ супорид. Баъдан, Сергей Лавров, вазири корҳои ҳориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои ҳориҷии Тоҷикистон занг зад ва онҳо вазъи пешомадаро баррасӣ карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин нигаронии амиқи худро аз вазъи баамаломада ба таври қотеъ баён кард, Сергей Лавров гуфт, “нигаронии ҷониби Тоҷикистонро дарк мекунад”.

Коршиносон сабаби чунин бархурди тунди Русияро нисбат ба шаҳврандони Тоҷикистон ба ҳамалаи терроритсӣ ба "Крокус" рабт медиҳанд, ки садҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузошт ва 4 шаҳрвнади Тоҷикистон ҳамчун гумонбари бевоистаи ин ҳодиса ҳастанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...