Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024

Дар Рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, намояндагони Тоҷикистон соҳиби се медал шуданд – 1 тилло, 1 – нуқра ва 1 – биринҷӣ. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокорон аз рӯи 5 вазн: 48 кг, -52 кг, -57 кг […]

Asia-Plus

Дар Рӯзи аввали мусобиқаи байнулмилалии Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе ҷараён дорад, намояндагони Тоҷикистон соҳиби се медал шуданд – 1 тилло, 1 – нуқра ва 1 – биринҷӣ.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудокорон аз рӯи 5 вазн: 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувваозмоӣ намуданд.

Дар вазни -60 кг ҷудокори тоҷик Муҳаммадсолеҳ Қувватов бар Виджай Кумар Ядав (Ҳиндустон), Гамзат Заирбеков (дастаи варзишгарони бетараф), Родриго Коста Лопес (Португалия), Ҳаято Кондо (Ҷопон) ва дар рақобати финалӣ Магжан Шамшадин аз Қазоқистонро мағлуб намуда ба дарёфти медали тилло шарафёб гардид.

Дар вазни -66 кг намояндаи Тоҷикистон Обид Ҷебов бар ҷудокорон Сумия Лхагвасурен (Муғулистон), Алмас Галюмов (Қазоқистон) ва  Абдураҳим Нутфуллоеф (Ӯзбекистон) дастболо шуда, дар финал аз Сердар Раҳимов аз Туркманистон мағлуб шуд ва медали нуқраи мусобиқаро ба даст овард.

Ҷудокори дигари тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг Мартин Сетз (Олмон),  Элиос Манзи (Италия), Абрек Нагучевро (варзишгари инфиродии бетараф)-ро шикаст дода, дар рақобат барои дарёфти медали биринҷӣ бар Абдураҳим Нутфуллоев (Узбекистон) дастболо шуд.

Ҳамаи ғолибон ва ҷоизадрони рӯзи 1-уми мусобиқа:

Мардон

-60 кг

1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ТОҶИКИСТОН)

2. Магжан Шамшадин (Қазоқистон)

3. Изнаур Сааев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)

3. Ҳаято Кондо (Ҷопон)

-66 кг

1. Сердар Раҳимов (Туркманистон)

2. Обид Ҷебов (ТОҶИКИСТОН)

3. Иван Черних (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)

3. Муллораҷаб Халифаев (ТОҶИКИСТОН)

Занон

-48 кг

1. Бавуудорж Баасанхуу (Муғулистон)

2. Тугче Бедер (Туркия)

3. Айна Моисеева (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)

3. Николич Милитса (Сербия)

-52 кг

1. Фабен Кохер (Швейтсария)

2. Бинта Ндиайе (Швейтсария)

3. Глафира Борисова (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)

3. Ҷунг Йерин (Ҷумҳурии Корея)

-57 кг

1. Ҷессика Климкейт (Канада)

2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)

3. Вероника Тониоло (Италия)

3. Энхриилен Лхагватогоо (Муғулистон).

Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок мекунанд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Қобили зикр аст, ки ҷудокорон ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ низ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.