Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов

Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа пас аз як ҷарроҳӣ субҳи имрӯз дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Саъдулло Раҳимов солҳо ба ин сӯ аз бемории сутунмуҳра ранҷ мекашид ва қариб як ҳафта инҷониб дар Бемористони Шифобахш […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа пас аз як ҷарроҳӣ субҳи имрӯз дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Саъдулло Раҳимов солҳо ба ин сӯ аз бемории сутунмуҳра ранҷ мекашид ва қариб як ҳафта инҷониб дар Бемористони Шифобахш (маъруф ба Қарияи Боло) дар Душанбе бистарӣ буд.

“Ду рӯз пеш дар беморхонаи Қарияи Боло ҷарроҳӣ шуд, вале пас аз ҷарроҳӣ саломатияш бадтар гардид. Имрӯз тахминан соатҳои 4-и субҳ чашм аз олам пӯшид”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Маросими видоъ бо Саъдулло Раҳимов дар назди хонааш кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ, 10 (хонаҳои “Қайроқум”) баргузор гашта, баъди намози пешин (соати 13:00) дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе (масҷиди калонтарини Тоҷикистон) ҷаноза мекунанд ва дар қабристони “Каленин” ба хок супорида мешавад.

Саъдулло Раҳимов 73 сол дошт ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва синамосозии Тоҷикистон ба шумул мерафт.

Ӯ 8-уми ноябри соли 1951 дар ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро таваллуд шуда, соли 1974 факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ)-ро хатм кард.

Солҳо дар Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудаааст ва доктори илмҳои фалсафа мебошад.

Бо танаффус солҳои 1987-1993, 1995-1997 директори киностудияи “Тоҷикфилм”, 1997-1998 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио буд.

Таҳқиқгари муваффақи кинои тоҷик ба шумор меравад ва аз соли 2011 котиби Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буд.

Раҳимов яке аз ташаббускорон ва ҳакамони ҷашнвораи байналмилалии “Дидор” буд.

Бобати таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик, марҳилаҳои он, эстетика ва ақоиди фалсафии Зардуштия таҳқиқоти судманд анҷом додааст. Муаллифи сенария, коргардони бисёр филмҳои ҳуҷҷатӣ, аз қабили “Занон-сармоядорон”, “Маҳваш”, “Сайёҳат дар Ватан”, “Арӯсак”, “Ҷойҳои муқаддас”, “Насими Қаратоғ”, “Ман мунаққиди одилам”, “Академик Диноршоев”, силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: “Ишкошимиҳо”, “Рӯшониҳо”, “Гулбек” аст. Ҳаммураттиби китоби “Энсиклопедияи кинои Тоҷикистон” (Д., 2012, (ба русӣ) мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио